Дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ 100 нафар ба таълим фаро гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази таълимии касбомӯзӣ фаъолият мекунад, ки дар он 100 нафар ба таълим фаро гирифта шудаанд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба хабарнигорон.
Ин марказ дар шаҳри Норак фаъолият дошта, 20 нафарро бо кор таъмин намудааст. Дар маркази касбомӯзӣ аз рӯйи касбу ҳунарҳои «Дӯзандагӣ», «Қаннондӣ», «Ошпазӣ», «Қолинбофӣ», «Ороиши мӯю рӯй», «Омӯзиши кор дар компютер», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Барқчӣ» мутахассисон омода карда мешаванд.
«Соҳибкасб намудани шаҳрвандони мамлакат дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон яке аз вазифаҳои афзалиятнок маҳсуб мешавад»,-иброз дошт ректори донишгоҳ.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат таъкид доштанд, ки «…ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳама аҳли ҷомеа қарор дошта бошад. Ҷавонон бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа равона намуда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии мамлакат ва имконияти фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд».
Ёдовар мешавем, ки 28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Тибқи ин қарор, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки ҳар сол то 1 феврал оид ба иҷрои «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумот пешниҳод намоянд.
Тавре ректори донишгоҳ иброз дошт, тақвият додани фаъолияти марказ таҷрибаи муфид дар самти касбомӯзии ҷавонону занон буда, ҳамчун заминаи мусоид ба касбомӯзӣ арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи истифодаи донишҳои азхудкарда дар раванди фаъолият имконияти таъминот бо ҷойи кори доимӣ дар корхонаҳои ватании истеҳсолӣ ба вуҷуд меояд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медалҳои тилло ва нуқра гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд






