Кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе истеҳсол ва фурӯши машруботи ғайристандартиро ошкор намуданд
ДУШАНБЕ, 09.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон зимни санҷиш дар коргоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заводи машруботбарории Душанбе» миқдори зиёди машруботи спиртии ғайристандартиро ошкор карданд. Маҳсулоти ошкоршуда- конякҳои навъи «Золотой павлин», «Белий аист», «Душанбе», «Миндалний», «Кофе на коняке», инчунин арақҳои навъи «Тоҷикистон», «Душанбе», «Идона», «Бедона» ва дигар нӯшокиҳои спиртӣ дар зарфҳои бе тамғаи аксизӣ ва бе нишони стандартӣ нигоҳдошта буданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тафтиш муайян кард, ки шаҳрванд А.А. ба истеҳсол ва паҳн кардани маҳсулоти ба талаботи бехатарии истеъмолкунандагон ҷавобгӯнабуда машғул будааст. Ӯ бо истифода аз тамғаҳои машҳур ва беэътиноӣ ба қоидаҳои стандартӣ машруботи ғайристандартӣ истеҳсол ва барои фурӯш омода кардааст.
Тибқи хулосаи Агентии «Тоҷикстандарт», ин маҳсулот ба талаботи регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон 019-2021 (Бехатарии маҳсулоти машрубот) ва 010-2016 (Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ) ҷавобгӯ нест. Ҳамчунин қувватнокии ин машрубот аз меъёрҳои муқарраршуда фарқ мекунад.
Маблағи умумии маҳсулоти ғайристандартӣ 1519 сомониро ташкил дода, аз 269 зарфи шишагии 0,2, 0,5 ва 0,7-литра иборат аст.
Вобаста ба ин ҳолат аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрванд А.А. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои таъмини тафтиши пешакӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шудааст.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






