Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад

Январь 2, 2025 15:26

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад. Дар бораи раддабандии мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин иброз намуд:

— Раддабандӣ ё муайянсозии тартиби мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ва муайянсозии рейтинги онҳо ҳамчун низоми баҳогузории объективӣ ҳанӯз дар ибтидои асри ХХ пайдо шуда бошад ҳам, танҳо дар охирҳои соли навадуми ин қарн ин амалҳо шакли ниҳоӣ гирифтанд. Ҳоло ба таври даврагӣ аз ҷониби созмону институтҳои бонуфузи байналмилалӣ раддабандии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ тибқи низомҳои муайян дар самтҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Мавҷудияти чунин раддабандиҳо имкон медиҳад, ки ҷолиб будани ҳар муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ арзёбӣ карда шавад. Ба ибораи дигар, рейтингҳое, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфуз таҳия карда мешаванд, ба вазъи ин муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ таъсир расонида, метавонанд дар ҳолатҳои муайян шароити берунии ҳамкориро бо онҳо рушд диҳанд. Аз ин рӯ, имрӯз тамоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки зимни банақшагирии фаъолият барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат ва ё дарозмуҳлат ҳатман беҳбуд бахшидани мақоми худро дар рейтингҳои байналмилалӣ ҳамчун яке аз роҳҳои таъмини рушди устувори ин ниҳодҳо ба инобат гиранд.

Дар замони муосир шумораи зиёди рейтингҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори муассисаҳои давлатҳои дигари ҷаҳон муайян гардидааст. Чунин раддабандиҳо бо истифода аз нишондиҳандаҳо (индикаторҳо), шохисҳо (индексҳо) ва тавассути арзёбиҳои электронӣ доир мешаванд. Бо ҳамин сабаб муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ҳамасола кӯшиш мекунанд, ки тибқи ҳамин талабот оид ба нишондиҳанда ва шохисҳо мақоми худро дар раддабандиҳои рейтингӣ мустаҳкамтар кунанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло мехостем, ки чанд андешаро дар бораи мақоми муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чунин раддабандиҳо, ки барои муассисаҳои дахлдори мо беш аз ҳама дастрас аст, яъне китобхонаи электронӣ (e-library) ва Шохиси русиягии иқтибосоварии илмии Федератсияи Русия (Российский индекс научного цитирования (РИНЦ) баён созем. Дар ин раддабандӣ фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ пайваста арзёбӣ гардида, мақоми он дар байни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва дигар мамлакатҳои ба ин низом ворид муайян мегардад.

Бояд гуфт, ки болоравии мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин низом давоми як соли охир метавон на танҳо ҳамчун рушди эволютсионӣ ё рушди бесобиқа, балки ҳатто як дигаргунии куллӣ ҳисоб кард. Барои мисол, якчанд нишондиҳандаҳоро бо ҳам муқоиса мекунем. Соли 2023 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (10), шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар РИНЦ нашршуда (10) ва шохиси Хирш аз аз рӯи ҳама маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (5) ҷойи охиринро ишғол карда буд. Ҳамзамон шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда ҳамагӣ 802 адад ва миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ҳамагӣ 519 ададро ташкил медод.

Дар натиҷаи қабули қарорҳои дурусти идорӣ, бастани шартномаи литсензионӣ SCIENCE INDEX №SIO-7380/2024 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои маъулияти маҳдуди «Китобхонаи илмии электронӣ» аз 11 июни соли 2024 ва тақвияти фаъолияти олимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар анҷоми соли 2024 ин нишондиҳандаҳо хеле боло рафтанд.

Имрӯз бо нишондодҳои шохиси Хирш аз рӯи ҳама маводи дар китобхонаи электронӣ (e-library) нашршуда (51), шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар РИНЦ нашршуда (49) ва шохиси Хирш аз рӯи ҳамаи маводи дар ҷавҳари РИНЦ нашршуда (42) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни 49 муассисаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ҳамзамон шумораи тамоми маводи дар китобхонаи электронӣ нашршуда 6692 ададро ташкил дода, миқдори маводи нашршуда, ки аз онҳо иқтибос овардаанд, ба 19595 адад расидааст. Дар баробари ин, шумораи муаллифон дар раддабандии мазкур аз 188 нафари сабтшуда ба 455 нафар расид. Инчунин шумораи муаллифоне, ки дар шохиси Science Index ба қайд гирифта шудаанд, аз 153 нафар ба 445 нафар расидааст. Яъне, аз 1100 корманди илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2024 тақрибан 40 фоиз дар шохиси номбурда ба қайд гирифта шудаанд ва маводи илмии онҳо ба китобхонаи электронӣ ворид карда шудааст, ки имконият медиҳад дастовардҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ дастрас бошад ва бо он ошно шаванд. Ҳамзамон соли 2025 имконият аст, ки боқимондаи ходимон ва кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Шохиси русиягии иқтибосоварии илмӣ ба қайд гирифта шаванд ва мақом, нишондиҳандаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла миқдори маводи воридшуда ва иқтибосоварӣ ба онҳо дар шохиси номбурда боз афзун шавад.

Ҳамаи ин нишони он аст, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рукуд боз монда, рӯ ба рушд дорад ва аз он дарак медиҳад, ки ҳисси масъулият, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30 майи соли 2024 ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон талқин намуданд, имрӯз боло гирифт ва дар ин ниҳоди бонуфузи илмӣ тартибу низом муқаррар ва фаъолияти илмию таҳқиқотӣ тақвият пайдо кард. Аз ин рӯ, пешрафтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар ин самт метавон ҳамчун туҳфаи сазоворе барои мардуми ҷумҳурӣ дар анҷоми соли 2024 ва оғози соли нави мелодии 2025 баҳогузорӣ намуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 2, 2025 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шаклгирии фарҳанги миллӣ ва заминаҳои он баррасӣ гардид
Бинои нави Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд
Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд
Президенти Тоҷикистон: «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад»
Дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон бояд як мактаби мусиқӣ бунёд карда шавад
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид