МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад

Январь 4, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад. Чунин изҳор медорад мутахассиси соҳаи китобдорӣ, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Зафари Шариф.

Бояд таъкид намуд, ки имсол мукофотпулӣ барои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар мегардад.

Яке аз ҳадафҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» он аст, ки ҷавонони китобхон, соҳибхираду босавод ва дорои маърифати баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи дасисаҳои муғризона нахоҳанд шуд. Ҳадафи дигари ин озмун боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.

«Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард. Далели ин гуфтаҳо бунёди китобхонаҳои наву замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор китобхона бо фонди зиёда аз 30 миллион нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ фаъолият доранд. Бунёди Китобхонаи миллӣ ва даҳҳо китобхонаҳои замонавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳамчунин баргузории озмуну фестивалҳо ба хотири гиромидошти китоб далели таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад», -иброз дошт мутахассиси соҳа.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.

Бо дарки муҳимияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ ба дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.

Татбиқи нақшаи чорабиниҳои ин барномаҳо барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ ва дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имконияти боз ҳам васеътар фароҳам овард.

«Миллати мо дар ҳама давру замон новобаста аз сардиву гармиҳои таърих китобхону китобофар буда, зиндагии хешро бе китоб тасаввур карда наметавонад ва рӯзгори хешро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшад. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбия ва ташаккули шахсияти насли наврас бениҳоят бузург аст. Ба ин маънӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар ва мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа беш аз пеш меафзояд. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз ҷумлаи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, бо шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд мегардад ва ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон барои ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 4, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир шуд
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
Аз 1 апрел даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз мегардад
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»