Нахустин заминаи инноватсияҳо
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар қадаре, ки шаҳр калон бошад, ҳамон қадар истифодабарандагони хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дар он зиёданд ва талабот ба ин хизматрасониҳо низ баландтар аст. Пойтахт, ки дар он беш аз 12 фоизи тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, таваҷҷуҳи хоси операторонро тақозо мекунад. Чӣ гуна бояд интизориҳои онҳоро қонеъ кард ва ба истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ кадом хизматрасониҳои рақамии инноватсионӣ пешниҳод карда мешаванд? Мо якҷоя бо Далер Наимов – директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ натиҷаҳои «соли телекоммуникатсионӣ»-и сипаришавандаро ҷамъбаст мекунем.
— Душанбе шаҳри бовусъат рушдёбанда буда, аҳолиаш аз як миллион зиёд аст. Дар ин ҷо сифати хизматрасонии алоқаро чӣ тавр таъмин кардан мумкин аст?
— Албатта, ин як ҳудуди мушаххас аст. Аммо дар бораи дилхоҳ дигар маҳал низ чунин метавон гуфт. Раёсати минтақавии мо на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар ноҳияҳои тобеи марказ низ кор мекунад, ки он ҷо аксар вақт дар маҳалҳои хурди аҳолинишин алоқаро таъмин кардан зарур меояд. Бинобар хусусияти мураккаби кӯҳсор дар ноҳияҳо зарурати пайдо кардани роҳҳои техникию ғайристандартии иҷрои корҳо ба миён меояд. Масалан, гузаронидани кабелҳои нахӣ-нурӣ ё насби истгоҳҳои базавии (ИБ) иловагӣ бояд тавре анҷом ёбад, ки мавҷ ба деҳаҳои пушти кӯҳ низ бирасад. Душанбе, пеш аз ҳама, зичии зиёди аҳолӣ дорад. Аз ин рӯ, таҷҳизоти дорои қобилияти баланди гузариш бояд ба кор бурда шавад. Зимнан, дар ин ҷо ҳам вариантҳо мавҷуд ҳастанд, ки ИБ иловагӣ мувофиқи принсипи насби дар ноҳияҳои тобеи марказ татбиқшаванда гузошта мешаванд. Фақат мо на кӯҳ, балки масалан, бинои нави маркази савдоро, ки ба радиосигнал халал мерасонад, «давр зада мегузарем».
Хусусияти дигари шаҳри Душанбе ба мисли дигар шаҳрҳои калон дар теъдоди зиёди корбарони фаъоли интернет, ки ба дастрасии баландсуръат ниёз доранд, ифода меёбад. Бо назардошти дархостҳои онҳо мо ба рушди шабакаи 4G таваҷҷуҳ дорем. Ҳоло ширкати «МегаФон Тоҷикистон» танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 240 истгоҳи базавӣ дорад ва ҳамаи онҳо стандарти баландсуръати алоқаи 4G/LTE-ро дастрас менамоянд. Соли 2024 шабакаи ширкат бо 100 майдони нави ИБ насли чорум пурра гардид ва тахминан 40% онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгир ҳастанд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ мо қариб 400 истгоҳи базавӣ дорем, ки 300-тои онҳо муштариёнро бо интернети 4G таъмин мекунанд. Аз ин ҷиҳат сатҳи хизматрасониҳо дар бисьёр ҷойҳо аз пойтахт фарқ надорад, яъне тамоми сервисҳои рақамии дар Душанбе истифодашаванда он ҷо дастрас мебошанд.
— Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аксар вақт, махсусан дар фасли зимистон неруи барқ қатъ мегардад ва дар шаҳрҳо низ хомӯшшавии қувваи барқ дида мешавад. Аммо шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар чунин ҳолатҳо кор мекунад. Ин чӣ тавр ба шумо муяссар мегардад?
— Аз ҳисоби генераторҳои дизелӣ ва аккумуляторҳо. Онҳо дар ҳолати қатъшавии манбаъҳои берунии неру ба таври автоматӣ ба кор медароянд. Дар ҳудуди мансуб ба раёсати минтақавии мо зиёда аз 190 дастгоҳи дизелӣ гузошта шудааст. Ғайр аз ин, соли 2024 мо ба таври васеъ ивазкунии батареяҳои аккумуляториро ба аккумуляторҳои нави литийдор шуруъ намудем. Онҳо назар ба батареяҳои пештара чор баробар иқтидори зиёдтар доранд. То моҳи январ чунин ивазкунӣ тахминан дар 50 истгоҳи базавӣ анҷом дода шуд.
— Оё муштариён дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба тарофаҳо афзалияти махсус медиҳанд?
— Онҳо ба тарофаҳое таваҷҷуҳ доранд, ки трафики интернети бештарро дар бар мегиранд. Мо тарофаи созанда бо номи «Бисоз Life» дорем, ки дар он муштариён мустақилона бастаи хизматрасониҳоро интихоб мекунанд. Онро метавон бо гирифтану дар сабад гузоштани маҳсулоти писанди худ дар супермаркет муқоиса кард. Ва бисёре аз муштариён ҳаҷми бештари Интернетро интихоб менамоянд. Тасмими мазкур фаҳмо аст, зеро он барои ҳалли бисёр масъалаҳо аз ҷои нишаст имкон медиҳад. Масалан, ҳарчи бештар сокинони мамлакат барои харид ба мағозаҳо намераванд, балки маҳсулоти зарурии худро дар маркетплейсҳо фармоиш медиҳанд. Ин воқеияти нави рақамие аст, ки бо иштироки фаъолонаи ширкати мо ба амал меояд.
— Кадом хизматрасониҳоро худи МегаФон Тоҷикистон таҳия менамояд?
— Мо платформаи рақамӣ (digital)-и худро дорем, ки дар он даҳҳо чунин хизматрасониҳо гирд оварда шудаанд. Ин “MeгаФон Life аст. Он аз як замимаи муқаррарии мобилӣ ба Superapp-и нодири функсионалӣ табдил ёфт. Ман ҳатто ҳама сервисҳоро номбар намекунам. Танҳо соли 2024 дар он имконияти нав, аз қабили барасмиятдарории суғуртаи автомобил ва гирифтани қарз ба таври онлайн, бе ташриф ба ташкилоти молиявӣ ё суғуртавӣ амалӣ гардиданд. Хизматрасонии махсус барои ронандагони такси илова карда шуд. Баъзе хизматрасониҳои пештар воридгардида мукаммал карда шуданд. Ҳамин тариқ, дар қисми «Дорухона» сокинони шаҳри Душанбе метавонанд аксҳои дорухатҳоро гузошта, доруҳои заруриро фармоиш диҳанд. Зимнан, дар Душанбе корбарони “МегаФон Life ” метавонанд маҳсулотро аз супермаркети “Пайкар” бо бурдарасонӣ ба хона фармоиш диҳанд. Аммо бояд гуфт, ки лоиҳаҳои дар пойтахт оғозшаванда бо мурури замон байни муштариёни саросари мамлакат паҳн мегарданд.
Гуфтан мумкин аст, ки Раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ заминае аст, ки дар он бисёр технологияҳои нав ва маҳсулоти рақамии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъол мегарданд. Ҳар пешниҳоду имконияте, ки мо соли 2024 фароҳам овардем, барои рушди минбаъдаи муҳити муосири рақамӣ (digital) дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон асос мешавад.