НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон бунёди 29 009 иншоот ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёди 29 009 иншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. То 1 январи соли равон 18800 иншоот бо таъсиси 39 228 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Ин матлабро Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти сохташуда 64,8 фоизи нақшаро дар бар гирифта, дар 290 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ҷараёни нишаст иброз гардид, ки дар вилояти Суғд бунёди 12212 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин вилоят то имрӯз 8755 иншоот бо таъсиси 20 141 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор гирифт. Дар 1130 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
«Дар вилояти Хатлон сохтмони 6260 иншоот дар нақша аст, ки аз он 3949 иншоот бо таъсиси 35 976 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар 1169 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд»,-гуфта шуд дар нишаст.
Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе сохтмони 4315 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 2509 иншоот сохта шудааст. Дар 1802 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сохтмони 4860 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 2693-тои он ба истифода дода шудааст.
Раиси Кумитаи рушди маҳал иттилоъ дод, ки дар мамлакат 428 ҷамоати шаҳраку деҳот, аз он 63 ҷамоати шаҳрак ва 365 ҷамоати деҳот сабт шудааст. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 5931 кумитаи маҳалла ба қайд гирифта шуда, бо оиннома ва муҳр таъмин гардиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






