НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 26 таҳқиқоти бостонӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 27.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории таҳқиқоти бостоншиносӣ ба олимону бостоншиносон 26 иҷозатнома дод. Дар айни замон 2 ёдгории нав дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент кашф гардидаанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баён намуд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон корҳо дар самти таҳия ва ворид намудани номинатсияҳои «Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ», афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Нардбозӣ» ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ, инчунин номинатсияи «Тоқӣ» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО идома дошта, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил дода мешавад.
Дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Фарғона-Сирдарё» корҳои номинатсионӣ идома доранд. Ҳамзамон парвандаи номинатсионии «Хутали қадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд






