НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон мутахассисони баландихтисосу забондон омода менамояд

Январь 28, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 28.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисони забондон ва дорои касбияти баланд рӯз то рӯз бештар мегардад. Аз ин рӯ дастур дода шудааст, ки мутахассисони баландихтисос бояд аз зинаи таҳсили томактабӣ омода карда шаванд. Бо ин мақсад дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ихтисосҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти томактабӣ бо иловаи забони англисӣ ва логопедияи таҳсилоти томактабӣ амал мекунанд.

Чунин посух дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба омода намудани мутахассисони забондон.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз карда шавад.

Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, дар шароити рушди босуботи ҳамкории байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд.

Бинобар ин Президенти Тоҷикистон зарур шумориданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсили томактабӣ шуруъ карда шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон теъдоди гурӯҳҳои академии таҳсилашон пурра бо забони русӣ (ба истиснои факултети забон ва адабиёти рус) ба 31 гурӯҳ дар шуъбаи рӯзона ва 4 гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона расонида шуд. Яъне, соли 2024 теъдоди гурӯҳҳои академии таҳсилашон бо забони русӣ аз 18 гурӯҳ ба 31 гурӯҳи академӣ расонида шуд, ки 13 гурӯҳ зиёд мебошад.

Дар  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ фаъолият дорад, ки дар он мутахассисони хуби забондон омода мешаванд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2024  16 шартномаи дутарафаи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои олии Узбекистон, Беларус, Молдова ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти барномаи табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи барномаи таълимӣ, гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, конференсияҳо, даврҳои такмили ихтисос, мубодилаи олимон, аспирантон, донишҷӯёну магистрон (1+1), таҳияи маводи илмӣ, таҳияи лоиҳаи илмӣ, хондани маъруза аз тарафи профессорон, ҳимояи рисолаҳои намзадӣ ва докторӣ, ба забономӯзӣ равон кардани донишҷӯён ва омӯзгорон ба имзо расид.

Соли 2024 дар доираи ҳамкорӣ 59 нафар, аз ҷумла дар самти табодули таҷрибаи устодон барои гузаштан аз такмили ихтисос – 13 нафар, иштирок дар чорабиниҳои илмӣ – 22 нафар ва дар самти табодули академии донишҷӯён – 24 нафар ба хориҷи мамлакат равона гардиданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

 

Январь 28, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд