НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 6 корманди телевизион ва радио дар Туркия такмили ихтисос намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 шаш корманди телевизион ва радиои Тоҷикистон барои такмил додани ихтисос дар Ҷумҳурии Туркия ба омӯзиш фаро гирифта шуд. Дар ин хусус имрӯз, 27 январ дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дода шуд.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода гуфт, ки дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» соли 2024 428 корманди шабакаҳои телевизион, радио, нашрияҳои даврӣ, котибони матбуоти вазорату идораҳо ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
«Яке аз ҳадафҳои асосии ин барнома ба хориҷи мамлакат равон кардани кормандони телевизион ва радио барои такмили ихтисос мебошад. Аз ин рӯ онҳо барои омӯзиш ба хориҷи мамлакат равон гардиданд»,-гуфт раиси кумита.
Ҳамчунин соли 2024 Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар самтҳои продюссерӣ, дизайни барномаҳо, сенариянависӣ, ороишгарӣ, маҳорати суханварӣ, наворбардорӣ, рушди мултимедия, коргардонӣ, забономӯзӣ ва дигар равияҳои марбут ба соҳаи телевизион, радио ва матбуот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ 20 машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд.
Гуфта шуд ки соли 2024 кумита бо сохторҳои марбути Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар бахшҳои такмили ихтисоси кормандон, таҳияи филмҳои аниматсионӣ бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон, Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шурои роҳбарони ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятии телевизион ва радиои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»






