Омӯзиши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ уфуқҳои наву фарогиртареро ба рӯи хонандаи тоҷик боз мегардонад

Январь 10, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ пешниҳод намуданд, ки барои хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон дар ҷумҳурӣ  озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида шавад. Ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки доир ба ин масъала санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ маҳфилҳо ва озмунҳои «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешаванд.

Президенти Тоҷикистон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло иброз намуд, ки «иқдоми волои Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди интишор ва тақдими ҳар хонадони тоҷик гардонидани «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, иқдоме, ки бо ҳадафҳои воло ва дурбинонаи миллӣ бори дигар моро ба меҳанпарастию ватандӯстӣ ҳидоят намуда, саҳми бузурге дар пешрафти фазилат, эҳсоси худшиносӣ ва маънавиёти бузурги миллатамон мегузорад, имрӯз ба худ фурӯғи тоза гирифтааст. Миллати тоҷик, ки ҳамеша ба ин шоҳасари таърихӣ арҷи баланд мегузошт ва шоҳномахонӣ яке аз шуғлҳои писандидаи халқи мо буд, имрӯз дар фурӯғи дурахшони ин иқдом бо ангезиш ва эътиқоду эътимоди нав рӯ ба ин шоҳасари безавол овардааст. Имрӯз «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, ки беҳтарин василаи худшиносии миллӣ ва огоҳӣ на танҳо аз таърих, балки аз ҳама фарҳангу илмҳо, фазилатҳои инсонӣ  ва самтҳои фарогири зиндагӣ аст, боз ҳам таваҷҷуҳи хонандагони ҳама синнро ба худ ҷалб менамояд».

Ба иттилои профессор Равшан Раҳмонӣ, «тоҷикон ба мисли садҳо ҳунарҳои дастии касбу кори худ ҳамчунин бо ҳунарҳои иҷроии хеш, ба монанди сарояндагӣ, афсонагӯӣ, қиссагӯӣ, шоҳномахонӣ ва ҳаказо низ давоми ҳазорсолаҳо ба мардум ғизои маънавӣ бахшидаанд.

Яке аз ин ҳунарҳо шоҳномахонӣ аст, ки гӯяндагони махсус достонҳои «Шоҳнома»-ро месароиданд, баён менамуданд ё ки бо маҳорат (чун актёр) иҷро менамуданд, ки ин ҳунари шоҳномахонӣ таърихи дуру дароз дорад. Баъди ба вуҷуд омадани хат ва баъдан бо гузашти замон тадриҷан ба шакли навишторӣ даромадани осори гуфторӣ дар байни мардум дар канори бо маҳорат ба самъи шунаванда расонидани матн ҳамоно бо садои дилнишин хондани он низ идома дошт. Аз сабаби он ки дар замонҳои пешин аксари мардум аз хондан ва навиштан огоҳ набуданд, баён намудани осори мансур ва сароидани осори манзум густариш ёфта буд.

Дар садаҳои аввали мелодӣ ва баъдҳо дар канори хондану сароидану ҳикоят намудан шоҳномахонӣ низ ривоҷ пайдо кард. Дар садаҳои 4-6 мелодӣ ва баъдҳо касоне буданд, ки достонҳои «Шоҳнома»-ро мехонданд, месароиданд ва баён менамуданд».

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ бар асоси ҳамин сарчашмаҳо арзи вуҷуд кард. Баъдҳо онро наққолону қиссагӯёни моҳир месароиданд ва ҳамин тавр шоҳномахонӣ дар байни мардум ҷо гирифт.

Ҳамин тавр, шоҳномахонӣ то замони мо идома ёфта, то нимаи аввали садаи ХХ дар аксар манотиқи Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон густариш ёфта буд. Ҳатто дар асоси «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ҳои зиёди мансур ба вуҷуд омаданд, ки онҳоро гӯяндагони моҳир, наққолон, қиссагӯён таҳия намуда, худ мавриди истифода қарор медоданд.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод гуфт, ки «эълони баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон марҳилаи наверо дар мутолиаи ин ҳамосаи бузург оғоз мебахшад. Ин амри муҳим ва ҳидояти самаровар аз ҳамаи мо тақозои онро дорад, ки дар раванди баргузории озмун масъулияти бештар эҳсос кунем, то дар ҳама зинаҳо озмун дар сатҳи баланд ва муассир ҷараён бигирад. Ба таъбири дигар, марҳила ба марҳила таъсири матлуби онро дар руҳу равони наслҳо ва хонандаҳои «Шоҳнома» бояд эҳсос кунем».

Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти тоҷик аст. Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офаридани ин китоби нодир сарф намудааст.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 10, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ. Ин ҷашни ниёгон дар ноҳияи Нуробод пуршукуҳ таҷлил гардид
25 январ — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Рӯзи байналмилалии маориф дар соли 2025 ба мушкилоти зеҳни сунъӣ бахшида шуд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
ПАЁМ — РОҲНАМО БА СӮИ СОЗАНДАГӢ. Ба ҷои исрофкории беҳуда ва худнамоишдиҳии бемаънӣ ба корҳои хайру ободонӣ бояд рӯй биёрем
Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 навъи маводу масолеҳи тармимгарӣ омода карда мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Тоҷикистон ба маъмурикунонӣ ва рақамикунонии соҳа мусоидат намуд
ПАХТАКОРӢ. Чаро дар Тоҷикистон ҳамасола дар ин бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо паст мешаванд?
СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ барои беҳтарсозии вазъи иқтисодии Тоҷикистон қадами муҳим аст
МОҲИЯТИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНӢ. Номзади илмҳои иқтисодӣ ин мавзуъро шарҳ додааст
ВАТАНДӮСТӢ ВА МАВҚЕИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ ДАР ПАЁМ. Дар ҳар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ беҳсозии ҳаёти ҷавонон таъкид гардидааст
ПАЁМЕ, КИ ҲАМА НУРУ НАВИД АСТ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ