ҶОМИ ФФТ-2025. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 31.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо дар майдончаҳои захиравии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 3 ба фоидаи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода анҷом ёфт. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голҳои дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро дар ин бозӣ Квадво Фримпонг, Фаридун Давлатов ва Осуман Касим ба нишон расонида, ҳисобро 3 бар 1 ба фоидаи дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода карданд. Ягона голи дастаи футболи «Шодмон»-ро аз пеналти Анӯшервон Мирзозода ба нишон расонид.
Ин ғалабаи сеюми дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар марҳилаи интихобии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе буд. Дар даври аввал дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаҳои футболи «Рангон»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби калони 8 бар 0 ва дар даври дуюм бар «Ёқут»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 2 бар 0 зафар ёфт.
Дастаи футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор дар даври аввал аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0 бар 2 мағлуб шуда, дар даври дуюм бо дастаи «Душанбе» мусовӣ- 1 бар 1 бозӣ карда буд. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи «А» дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо 9 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи футболи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор бо 1 имтиёз дар зинаи 5-ум ва дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо 9 имтиёз пешсафи гурӯҳ мебошад. Дастаҳои дигари гурӯҳ- «Душанбе» бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм, «Рангон» бо 3 имтиёз дар зинаи 4-ум ва «Ёқут» бе имтиёз дар зинаи охир мавқеъ гирифтаанд.
Дар даври чаҳорум дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода 31 январ бо дастаи «Душанбе» вомехӯрад. Оғози рақобат соати 13:30 дар назар аст. Дастаи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисор дар даври чаҳорум бо дастаи «Рангон» бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо 31 январ, соати 10:30 оғоз мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст. Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад






