ҶОМИ ФФТ-2025. Замони баргузорӣ ва фонди ҷоизавии мусобиқа муайян гардид
ДУШАНБЕ, 21.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи ғолиб дар ин мусобиқа 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меорад. Хотиррасон мешавем, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутоӣ аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.
Дар минтақаи Душанбе аз Лигаи олӣ дастаҳои «Истиқлол», КМВА, «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ», «Ҳулбук», аз Лигаи якум – «Шодмон», «Сардор», «Ёқут», «Душанбе» ва «Рангон» иштирок мекунанд. Дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук», ки аз минтақаи Хатлон ҳастанд, дархост намуданд, ки дар минтақаи Душанбе бозӣ кунанд, чун қароргоҳ ва машқҳои дастаҳо дар Душанбе идома доранд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 роҳхат меёбад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Душанбе дар финали Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар дастаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо голи ягонаи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуд. Дастаи футболи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор соҳиби медалҳои нуқра ва дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе барандаи медалҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.
Ғолибони Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (2012-2024):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. пеналти – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Куктош» (Рӯдакӣ) – «Истиқлол» (Душанбе) – 2:5
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2
2021 – «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:1
2022 – «Ҳосилот» (Фархор) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:4
2023 – КМВА (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2024 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:0
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 20 январ дар шаҳри Душанбе бозиҳои марҳилаи муқаддамотӣ оғоз меёбанд. Ҳама рақобатҳо дар майдони захиравии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






