ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ВА ФАРОҲАМОВАРИИ ЗИНДАГОНИИ ШОИСТА. Андешаҳо дар ин мавзуъ

Январь 20, 2025 14:28

ДУШАНБЕ, 20.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 барои муҳайё намудани зиндагонии шоиста ба мардум пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши кормандони соҳаҳои гуногуни мамлакат  зиёд карда шавад. Дар шарҳи ин мавзуъ и.в. профессори кафедраи фаъолияти гумрукии  факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати ТоҷикистонНозимҷон Нидоев чунин изҳори назар кард:

             — Аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Дар баробари ин, музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. 

Инчунин бо супориши Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд ва индексатсия карда мешаванд.

Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида Президенти Тоҷикистон ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш додаанд, ки  бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешида, дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

Инчунин ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, амалӣ намоянд.

Мавзуи дигаре, ки Президенти Тоҷикистон диққати тамоми мардуми ҷумҳуриро ба он ҷалб намуданд, ин масъалаи гузоштани қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ аст, ки дар панҷсолаи минбаъда ҳафт самти аввалиндараҷаро дар бар мегирад. Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 — 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ ва маблағгузории муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.

Гузашта аз ин, минбаъд дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ татбиқ карда шуда, шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ зарур дониста шуд.

Бо ин мақсад бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илм ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки дар муҳлати чор моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб оид ба  таъсис додани Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таҳия намуда, ба ин донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дода, илова бар ин, дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Суханони нодир ва нотакрори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он ки сабаби асосии бадбахтии ҳар миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ дар тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия аст, бисёр ҳаяҷоновар ва саривақтӣ мебошад. Ин ҷо ёдоварӣ кардан аз суханони ҳаётан муҳими Сарвари давлат, ки аз рӯзҳои аввали роҳбариашон то имрӯз ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳанд, ба манфиати кор аст: «… то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳад монд. Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад. Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад».

Худ қозоват кунед, ки имрӯзҳо барои ба мактаб ва низоми маориф пурра рӯй овардани ҷомеа дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ мешавад. Ин ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсил мусоидат намуда, дар соҳа инчунин 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Далелҳо нишони онанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион хонанда фаъолият дошт. Ҳоло муассисаҳои таълимии типи нав (170 литсею гимназия) ва 4037 муассисаи доимӣ фаъолият доранд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар шароити вусъат ёфтани ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат зарурати ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, мутахассисони дорои сатҳи касбияти баланд ва донандаи забонҳои хориҷӣ, махсусан англисию русиро ҳидоят намуда, дастур медиҳанд, ки барои таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи ҳозиразамони таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.

Гузашта аз ин, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳо супориш дода шудааст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»-ро дар муддати ду моҳ аз нав таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Президенти Тоҷикистон аз ҷавонон, ки 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар ҷумҳурӣ ташкил мекунанд, ифтихор дошта, онҳоро қишри фаъолтарини ҷомеа, идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол ва масъули фардои мамлакати соҳибистиқлол медонанд. Пешвои миллат бовар доранд, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёна барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Президенти Тоҷикистон дар қатори мардуми бофарҳангамон аз қабул гардидани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ, инчунин аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж — 2024 ифтихор доранд.

Хуб мешуд мо низ ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва фароҳамоварии зиндагонии шоиста бо саъю кӯшиши доимӣ ҷумҳуриамонро ба мамлакати пешрафтаю обод мубаддал гардонем.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2025 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 корхонаҳои саноатии Душанбе ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист лоиҳаи Кодекси экологии Тоҷикистон баррасӣ гардид
«Россия Онлайн 2.0». Чӣ бояд кард, то дар Русия бе алоқаи мобилӣ намонед?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара таҳти унвони «Модарони тоҷик — эҳёгари хӯрокҳои миллӣ» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон иқтидори энергетикии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Лахш муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ расонида шуд
Дастовардҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар СОР-29 баррасӣ шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон: TikTok ва YouTube – бар ивази «Раҳмат»