Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ — Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи Раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.
Тибқи тартиби муқарраргардида, мутобиқи моддаҳои 18 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Чиллазода Қарахон ва ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ирсол гардиданд.
ВОҲИДЗОДА Ҳабибуло Сайдулло
аз 27 январи соли 2024 дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд соли 1965 Ҷои таваллуд ноҳияи Фархор
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1988 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос ҳуқуқшинос
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ англисӣ
Рутбаи дараҷавӣ соли 2024 генерал-лейтенанти адлия
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1988 | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
06-07 соли 1988 | Коромӯз дар вазифаи прокурори шӯъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Қӯрғонтеппа |
Солҳои 1988-1989 | Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа |
01-09 соли 1989 | Коромӯз дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул |
Солҳои 1989-1993 | Муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ҷиликул |
Солҳои 1993-1994 | Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон |
Солҳои 1994-1996 | Сардори шӯъбаи назорати иҷроиши қонунҳо дар Вазорати амният ва Кумитаи гумруки прокуратураи вилояти Хатлон |
Солҳои 1996-1998 | Прокурори ноҳияи Фархор |
Солҳои 1998-2002 | Прокурори ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе |
Солҳои 2002-2006 | Прокурори шаҳри Душанбе |
Солҳои 2007-2011 | Сардори Раёсати кадрҳо ва коргузории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2011-2015 | Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2015-2020 | Прокурори вилояти Суғд |
Солҳои 2020-2024 | Директори Агенти назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз январи соли 2024 то имрӯз | Муовини Прокурори генералӣ- Сарпрокурори ҳарбии ҶТ |
АБДУЛЛОЗОДА ЗЕБОНИСО ФАЙЗУЛЛО
Аз 23 феврали соли 2024 дар вазифаи муовини аввали раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 22 декабри соли 1972 Ҷои таваллуд ноҳияи Кушониён
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Соли 1996 Техникуми маъданҷӯӣ ва заминшиносӣ
Соли 2001 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос биолог, ҳисоби бухгалтерӣ, ҳуқуқшинос
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Дараҷаи тахассусӣ дуюм, соли 2014
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – надорад
Вазъи оилавӣ оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1992-1994 | Котибаи дараҷаи дуюми Раёсати рушди иҷтимоии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солхои 1994-1995 | Нозири назорати шӯъбаи маъмурӣ- хочагидории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Соли 1995 (02-10) | Мутахассиси дараҷаи якуми Идораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои берун аз мактабию то мактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солхои 1995-1998 | Мутахассиси дараҷаи якуми Раёсати муҳосибӣ ва ҳисоботии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Соли 1998 (09-10) | Сармутахассиси Идораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои берун аз мактабию томактабии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солхои 1998-1999 | Сармутахассиси шӯъбаи пешакӣ тайёр намудани парвандаҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солхои 1999-2005 | Сармутахассиси шӯъбаи ҳуқуқи байналхалқии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солхои 2005-2010 | Судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе |
Солхои 2010- 2011 | Муовини Раиси Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе |
Солҳои 2011-2015 | Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2015-2017 | Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2017-2024 | Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе
|
Аз 23 феврали соли 2024 то ҳол | муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ |
КАРИМЗОДА ҶАМШЕД АБДУРАҲМОН
аз 30 январи соли 2024 дар вазифаи Муовини Раиси вилояти Хатлон кор мекунад
Соли таваллуд 25 маи соли 1970 Ҷои таваллуд ноҳияи Темурмалик
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1994 Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент,
соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос муҳандиси алоқаи барқӣ, иқтисодчӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, узбекӣ ва англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1986-1988 | Коргари хоҷагии давлатии «50- солагии Тоҷикистон», ноҳияи Темурмалик |
Солҳои 1988-1990 | Хизмат дар сафи Қувваҳи Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Братск |
Солҳои 1990-1994 | Донишҷӯи Донишгоҳи технологияи иттилоотии шаҳри Тошкент |
Солҳои 1994-1995 | Мутахассиси шӯъбаи молия, ноҳияи Темурмалик |
Солҳои 1995-1996 | Мутахассиси дараҷаи I Раёсати назорати тафтишотии Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-1998 | Назоратчӣ — тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1999-2000 | Назоратчӣ – тафтишотчии Раёсати назорати тафтишотии идораи молия, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2000-2001 | Назоратчӣ — тафтишотчии калони Раёсати назорати тафтишотии Раёсати молияи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд |
Солҳои 2001-2006 | Мутахассиси пешбари Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд |
04 — 08 соли 2006 | Сармутахассиси кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд |
Солҳои 2006-2007 | Сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон |
01 – 07 соли 2007 | Муваққатан бекор |
Солҳои 2007-2008 | Сардори шӯъбаи Раёсати сиёсати буҷети дар соҳаҳои иқтисодиёти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2008-2009 | Муовини директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик» |
05 – 10 соли 2009 | Сардори Раёсати сангҳо ва металҳои қиматбаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2009-2015 | Муовини Директори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
03-05 соли 2015 | Сардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2015-2024 | Муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
аз январи соли 2024 то имрӯз | Муовини Раиси вилояти Хатлон |