Рӯзи Иди Тиргон дар Тоҷикистон 1 июл муайян карда мешавад

Январь 30, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мутобиқи лоиҳаи қонун ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати нав илова гардида, тибқи он Иди Тиргон ҳамчун рӯзи ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 июл муайян карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба масъалаҳои хуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон  Зариф Алифзода ва Раиси кумитаи Мачлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода  дар иҷлосия иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид  ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо мақсади эҳё ва таҷлили Иди миллии Тиргон таҳия гардидааст.

Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмию адабии гузаштагон омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар байни мардуми тоҷик бо хушҳолию хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардид.

Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироат робитаи мустақим дорад.

Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн нуҳ рӯз таҷлил мешуд. Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмию фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.

Тибқи суннатҳои Тиргон, айёми таҷлили он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона хурсандӣ мекарданд.

Лоиҳаи ин қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар мутобиқ буда, аз буҷети давлат маблағгузории иловагӣ талаб намекунад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 30, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд