«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад

Январь 14, 2025 10:57

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Манбаъҳои обию гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла дарёи Вахш хеле барвақт таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб кардаанд. Захираи манбаъҳои обии Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз Русия мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Ва барҳақ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намудаанд, ки «… ба бахти мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, дарёҳои серобу захираҳои энергетикӣ дар сарзамини мо баръакси бисёр кишварҳои дигар Худодод фароҳам омадаанд…».

Тоҷикистон аз ҷиҳати  манбаъҳои  захираи барқ  дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад. Ҳанӯз солҳои  20-30-юми асри гузашта корҳои таҳқиқотии  геологию гидрологӣ дар минтақаи Роғун  оғоз ёфтаанд. Ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта тасмим гирифта шуда буд, ки дарёи Вахшро барои истеҳсоли барқ ва обёрии заминҳо истифода мекунанд. Бо ҳамин мақсад соли 1978 лоиҳаи техникии Неругоҳи «Роғун» таҳия ва он соли 1980 аз ҷониби Шурои вазирони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тасдиқ карда шуд. То соли 1990 корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот  идома ёфтанд ва  дарғоти навбати аввали неругоҳ то ба 40 метр бардошта шуд. Лек, бо сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва минбаъд маблағгузорӣ  нашудани иншоот  корҳо қатъ гардиданд. Моҳи майи соли 1993 аз сабаби бориши зиёди сел иншоот зери об монда, дарғот пурра шуставу хароб гардид. Ва минбаъд низ давоми солҳои зиёд иншоот валангор шуд. Ба бахти мардуми аз нобасомониҳои таърих ҷафокашидаи тоҷик пас аз истиқрори сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва густариши ҳамкорию пешравиҳои иқтисодӣ маҳз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёю эъмори иншооти тақдирсози миллат- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шаҳсутуни боэътимод гузошта шуд, ки онро таърихи халқу миллати тоҷик бо хатти заррин сабт хоҳад кард.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2007 ба манзури барқарорсозию сохтмони ин иншооти муҳиму стратегӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис ёфт.

Ташхиси асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи «Роғун» таҳти назорати бевоситаи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби консорсиуми байналмилалии Коэн-эт Беллие (Франсия), Электроконсулт (Италия), ІРІ (Британияи Кабир) ва баҳодиҳии вазъи экологию иҷтимоии он аз ҷониби ширкати  швейтсарии “Пойри Энерҷӣ” доир шуд.

Дар ин ташхиси доманадору мураккаб коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мустақиман иштирок намуданд.

Соли 2014 хулосаи шаффофи ташхисгарони байналмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи коршоямии лоиҳаи «Роғун» ва бунёди ин “Кохи Нур” ба ҷаҳониён эълом гардид.

Дар раванди ташхиси шаффофи лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки он ба муҳандисону мутахассисони ватании соҳаи гидроэнергетикаи ҷумҳурӣ руҳу илҳоми тоза бахшид.

29 октябри соли 2016 бо иштироки мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд ва таҳкурсии иншооти баландтарини гидроэнергетикии дунё- сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр поягузорӣ гардид.

16 ноябри соли 2018 нахустагрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Пешвои миллат дар ҳузури иштирокдорони зиёди ин маъракаи муҳташам, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, шоирону нависандагон, зиёиён ва меҳмонону шаҳрвандони мамлакат ба кор андохта шуд ва нахустбарқи «Роғун» тавлид гардид.

9 сентябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни Истиқлол дуюмин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо пахши тугмаи рамзӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба тавлиди барқ оғоз намуд ва то имрӯз ба нафъи иқтисоди миллии мамлакат ва шукуфоии Тоҷикистони азиз хизмат мекунад.

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2018 барои ба шабакаҳои ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст намудани неруи барқи истеҳсолкардаи неругоҳ бинои истеҳсолии КРУЭ, ки бо таҷҳизоти муосиртарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз аст ва хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и Душанбе-Роғун ба истифода дода шуд, ки ҳоло хеле муассиру босамар фаъолият мекунад. Дар айни замон ду агрегати нахустини неругоҳ, ки бо иқтидори минималӣ вобаста ба сатҳи обанбор фаъолият мекунанд, дар як шабонарӯз бо иқтидори 260 мВт-соат неруи барқ истеҳсол мекунанд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» калонтарин неругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад. Иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати ҳар кадом аз  600 МВт иборат аст,  баландии сарбанд 335 метр, ҳаҷми обанбор зиёда аз 13,3 миллиард метри мукааб мебошад.

Барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бениҳоят муҳим аст. Тоҷикистон ба давлати содиркунандаи неруи барқ табдил меёбад, даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд, ҳазорҳо ҷои нави кор таъсис меёбад ва имкони истеҳсоли моли содиротӣ зиёд мешавад.

Ба ифодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ««Роғун» ободию сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!

«Роғун» воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад!».

Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо сохтмони азим, балки далели бебаҳси тавоноии миллати тоҷик, рамзи неруи эҷодкорӣ ва пайванди инсон бо табиат аст. Дар фазое, ки об ва неру рамзи ҳаёт мебошанд, нақши ин неругоҳ ҳамчун сарчашмаи энергия, рушд ва тавоноии мамлакат ба таври амиқ эҳсос мегардад. Дар шиддати асри XXI, ки рақамикунонӣ ва инноватсия ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир шудаанд, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маркази ҳамоҳангии технологӣ табдил меёбад, ки бо равшангарии ҳадафҳои баланд ба самти ояндаи дурахшон пеш меравад.

Дар қалби кӯҳистони сарбаланди Тоҷикистон, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» мисли як муъҷизае арзи вуҷуд дорад, аз техникаи замонавию  навгониҳои технологӣ истифодаи муассир ба амал меояд.

Раёсати инноватсия ва рақамикунонӣ мисли чароғи роҳнамо амал мекунад ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» имкон медиҳад, ки на танҳо чун неругоҳи бузурги обӣ, балки ҳамчун намунаи пешқадам дар технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ шинохта шавад.

Рақамикунонӣ ҳамчун калиди тиллоӣ дарҳои самаранокӣ ва автоматизатсияро боз мекунад. Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» автоматикунонии равандҳои корӣ на танҳо суръат ва дақиқии фаъолияти ҳаррӯзаи кормандонро афзоиш медиҳад, балки онҳоро ба ҷаҳоне пайваст мекунад, ки дар он ҳар қадам бо технологияҳои пешрафта ҳамоҳанг аст.

Системаҳои ERP, CRM ва платформаҳои абрӣ, ки ба кор дароварда мешаванд, мисли наҳрҳое ҳастанд, ки обҳои зиндагиро ба ҳар гӯшаи ин «шаҳри неру» мерасонанд. Кормандони неругоҳ ҳоло метавонанд дар фазое фаъолият кунанд, ки суръат ва созгорӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ қисмати ҷудонашавандаи он аст.

Ояндаеро тасаввур кунед, ки дар он зеҳни сунъӣ ба муҳандисон ёрӣ мерасонад, то равандҳои мураккаби коркарди маълумотро бо суръат ва дақиқии бесобиқа анҷом диҳанд. Шуъбаи инноватсия ва рақамикунонӣ аллакай аввалин қадамҳоро дар ин самт гузоштааст.

Илова бар ин, баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандон қисми муҳими кор аст. Омӯзиши онҳо на танҳо ба истифодаи технология, балки ба ташаккули фарҳанги эҷодӣ ва мутобиқшавӣ мусоидат мекунад. Ин фарҳанг заминае мегузорад, ки дар он неруи инсонӣ бо қудрати технология ба ҳам меоянд.

Сохторе, ки ба самти инноватсия ва рақамикунонӣ машғул аст, ба фаъолияти худ эътимоди қавӣ мебахшад, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун намунаи пешқадами ҳамкорӣ бо асри рақамӣ амал намояд. Бо роҳбарии одамони боистеъдод ва бо истифода аз технологияҳои навтарин Неругоҳи барқи обии «Роғун» ояндаи Тоҷикистонро равшан месозад. Аз дили кӯҳистон ба осмони ояндаи мамлакат нур меафканад – нуре, ки на танҳо аз неруи барқ, балки аз зеҳни инсонӣ ва қудрати ҳамоҳангии он бо ҷаҳон маншаъ мегирад.

Асри XXI- асри технология ва зеҳни сунъӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба сӯи марҳилаи нави инноватсионӣ ва илмӣ мебарад. Дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилона ва дурбинонаи худ Тоҷикистонро ба макони рушд ва ҳамгироӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ табдил додаанд.

Пешвои миллат ҳамеша ба истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи навовариҳо дар ҳама соҳаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд. Дар Стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030 бахши технология ва рақамикунонӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардидааст.

Зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди технологӣ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Бо ибтикори Президенти мамлакат дар Тоҷикистон тадбирҳои муҳим барои омӯзиш ва татбиқи зеҳни сунъӣ амалӣ мешаванд.

Имрӯз неругоҳи «Роғун» тибқи дастуру роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи нангу номус, майдони заҳмату меҳнат чун рамзи воқеии ватандӯстию меҳанпарастӣ, кафолати ободии имрӯзу фардои мардуми  шарифи мамлакат, сарсабзии давлати соҳибистиқлол ва миллати офарандаю бунёдкори тоҷик тадбил ёфтааст. Таърих имрӯз бар дӯши мардуми озодаву  худшиноси тоҷик рисолати бузург- бунёди “Кохи Нур”- ро вогузор намудааст, ки ин ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург аст. Чунин масъулият ва шарафи бузурги миллиро коргарону кормандони ин иншооти  тақдирсоз таҳти раҳбарию раҳнамоии мутахассисони  варзидаю  корозмуда  хуб дарку эҳсос мекунанд ва барои пешбурди хушсифати корҳо  аз шароиту  имконият пурсамар истифода мебаранд.

Бунёдгарони «Роғун» азми қавӣ доранд, ки тибқи дастурҳои раҳнамунсози Сарвари давлат ба сохтмони иншооти ифодагари орзую армонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик вусъат бахшида, дар муҳлатҳои таъйиншуда иқтидори навбатии неругоҳро ба истифода диҳанд ва истиқлолияти энергетикии мамлакатро  комилан таъмин созанд.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки борҳо таъкид намудаанд: «Он рӯз дур нест, ки мо ин иншооти тақдирсози Тоҷикистони азизро бунёд карда, барои ояндаи дурахшони  Ватани аҷдодии худ ва зиндагии шоистаи фарзандонамон заминаи боэътимод мегузорем».

Ҳар миллате, ки мехоҳад дар фазои рақобати ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор гардонад, бояд бо замон ҳамқадам бошад ва ҷараёнҳои нави илму технологияро дар сарнавишти худ ҷой диҳад. Аз ҳамин рӯ, Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Ин тасмим маънои оғози марҳилаи нави таърихиро дорад, ки дар он ояндаи мамлакат бо қувваи навоварӣ ва технологияҳои муосир равшан хоҳад шуд.

Дар ин панҷсола Тоҷикистон ба оянда қадамҳои ҷиддӣ мегузорад, то бо неруи рақамиёт ва инноватсия фазои зиндагии мардумро дигар кунад. Ин солҳо давраи эҳёи афкор ва имконот хоҳанд буд. Ҳар шаҳрванди тоҷик- аз деҳқони одӣ то муҳандиси соҳибистеъдод худро ҳамчун ҷузъи муҳими ин тағйирот эҳсос хоҳад кард.

Ин солҳо солҳои эҷоди оянда хоҳанд буд, солҳои пайванд додани анъанаҳои пурғановати миллӣ бо замонавӣ, солҳои рушде, ки ҳар нафари миллат ба худ метавонад бигӯяд: «Ман низ дар сохтани Тоҷикистони муосир саҳм мегузорам».

Шарораҳои ин иқдом Тоҷикистонро ба самти насли нав-насли ояндасоз мебарад. Бо ин ният мо ҳама якҷоя қасрҳои нави илму фанновариро бунёд хоҳем кард.

Меҳриддин ТОҲИРЗОДА,
директор оид ба инноватсия, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии ҶСК НБО-и  «Роғун»,
номзади илмҳои иқтисодӣ 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2025 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт
Ҳамкории Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим бо роҳбари САҲА дар Душанбе баррасӣ гардид
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
Соли 2025 дар дарёи Шоҳдара Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 фоиз зиёд гардид
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд