Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
ЛАХШ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Лахш дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1745,7 гектар майдони умумии боғ мавҷуд аст, ки аз ин 1156,6 гектар боғи мевадиҳанда мебошад. Аз майдони умумии 1745,7 гектар 1544 гектарро боғи себу нок ва 178,5 гектарро боғҳои зардолу, олуча ва гелос ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки боғпарварӣ соҳаи сердаромад буда, яке аз самтҳои асосии сохтори кишоварзии ноҳия мебошад. Чунки иқлим, релеф, хок ва дигар омилҳои табиат дар ноҳияи Лахш имкон медиҳанд, ки ҳамасола боғдорон ҳосили фаровон ба даст оранд.
Тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ дар заминҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калон дорад. Дар ноҳияи Лахш дар заминҳои бекору корношоями кӯҳию наздикӯҳӣ бештар боғ бунёд менамоянд.
Имсол бо хуб омадани вазъи боду ҳаво ва риояи қоидаҳои агротехникию сари вақт обёрӣ кардани дарахтон ҳосили боғҳо, махсусан себу нок хуб мебошад. Боғдорони ноҳия нақша доранд, ки имсол ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 12 то 15 тонна себу нок ҷамъоварӣ намоянд.
Ба андешаи боғдорони ноҳия, баъди боронҳои тирамоҳӣ меваҳо тозаю ширин мегарданд ва ҷамъоварии онҳо аз 15 октябр оғоз мешавад.
Соли равон мувофиқи нақша дар ноҳияи Лахш 5 гектар боғи нав бунёд карда шуда, 5 гектар боғи кӯҳна барқарор гардид.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, соли 2025 боғпарварони ноҳияи Лахш 11 ҳазору 924,3 тонна мева истеҳсол карда, ба шаҳру навоҳии мамлакат содирот намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






