САБАБИ ЗИЁД ГАРДИДАНИ ТУМАН ДАР ЧИСТ? Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ дар ин мавзуъ

Январь 20, 2025 09:23

ДУШАНБЕ, 20.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои масъулини  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, вақтҳои охир дар мамлакат фаромадани туман зиёд ба назар мерасад. Яке аз омилҳои зиёд гардидани туман намнокии баланди ҳаво мебошад. Инчунин инверсияи ҳароратӣ, норасоии шамол ва тағйирёбии ҳаво боиси пайдо шудани туман мегарданд.

Туман асосан аз қатраҳои хеле хурди об иборат мебошад. Мутахассисони обуҳавошинос иброз медоранд, ки туман- ин қатраҳои хеле хурди об ё яхчаҳо (барф) дар газ аст, ки шаффофияти онро коҳиш  медиҳад. Туман бештар дар фаслҳои баҳор ва зимистон мушоҳида мешавад. Туман бухорест, ки ҳаворо тира мекунад.

Яке аз сабабҳои пайдоиши туман намнокии баланди ҳаво аст. Вақте ки ҳаво миқдори зиёди буғи обро дар бар мегирад, дар доираи ҳодисаи конденсатсия он метавонад дар шакли туман ё қирав ҳангоми паст шудани ҳарорат ба вуқуъ пайвандад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, сабаби дигари туман инверсияи ҳароратӣ мебошад. Ин ҳолате аст, ки дар он қабати ҳавои гарм дар зери қабати ҳавои хунук қарор мегирад. Дар чунин шароит ҷараёни болоравии ҳаво бо намнокӣ наметавонад қабати хунукро убур кунад ва ба боло барояд, ки ин боиси пайдоиши туман мегардад.

Норасоии шамол низ метавонад сабаби ба амал омадани туман гардад. Шамол метавонад туманро суръат бахшад ва онро бардорад. Дар сурати набудани шамол туман метавонад ҷамъ ва зичтар шавад.

Ҳаёти инсоният бо нафаскашӣ оғоз мегардад. Инсоният метавонад истеъмоли хӯроки пастсифатро рад намояд ва ё оби ифлосро нанӯшад, аммо ӯ бе нафаскашӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Дар чунин рӯзҳо махсусан одамони солхӯрда ва кӯдакону наврасон бояд худро эҳтиёт кунанд. Сайругашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма, бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои заруриро барои эҳтиёт бо худ гиранд. Дар ҳолати бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кунанд.

Инчунин туман барои ҳаракати нақлиёт хатарнок мебошад. Зеро дар чунин рӯзҳо ронандагон масофаи аз худ каме дурро дида наметавонанд, ки ин боиси садамаи нақлиётӣ мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2025 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад