САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ. Ин ҷашни ниёгон дар ноҳияи Нуробод пуршукуҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 январ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардида, зимни он урфу одатҳои миллӣ, маҳсули дасти деҳқонон, аз қабили сабзавоту меваҳои хушк, тухмии зироат, ниҳолу буттаҳо ва инчунин техникаҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода бо ифтихор аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, изҳор дошт, ки ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, рушди пешаи кишоварзӣ ва василаи таблиғу ташвиқи корҳои деҳқонию боғдорӣ табдил ёфтааст.
Тазаккур дода шуд, ки бо чунин руҳу илҳом ва иқдому ниятҳои нек сокинони ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, Истиқлоли давлатӣ, оромии мамлакати азизамон ва пеш аз ҳама, садоқат ба Пешвои миллат онро бо тантана таҷлил менамоянд.



Дар идома сокинони ноҳия ба таблиғи идеяҳои нек, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ, ободу сарсабз гардонидани табиати диёр, гулгашту кӯчаҳо, тозаю озода кардани хонаю кошона ва маҳалли зист, инчунин кишоварзону боғдорон ба мавсими омодагии кишти баҳорӣ ва бештар заҳмат кашидан даъват карда шуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангӣ пешкаши сокинон гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






