Сафири Тоҷикистон бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт мулоқот намуд

Январь 30, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 30.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 январ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт Нура Сулаймон ал-Фассом, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт мебошад, доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба  татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, ки дар он тақвияти равобит дар самтҳои иқтисод ва тиҷорат, ҷалби сармоягузорӣ, алалхусус афзоиш додани гардиши мол байни ду давлат таъкид гардида буд, табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон омодагии ҷонибҳо барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ, ки 4-6 феврали 2025 дар Кувайт ба нақша гирифта шудааст, баён гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Январь 30, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи иқтисод баррасӣ гардиданд
Дар Анқара рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид