Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025
ДУШАНБЕ, 02.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имкон дод, ки ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ашъор ва эҷодиёту таълифоти шоирону нависандагони ватанию хориҷиро мутолиа карда, ҷаҳони маънавии худро боз ҳам ғанӣ гардонанд.
Соли 2025 низ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ, бо ташаббуси бевосита, ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуд.
Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудиятҳо бартараф карда шуда, минбаъд дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар мегардад.
Мукофотпулӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ҳамчунин хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.








Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






