«Собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ нақши назаррас мегузоранд», — бардошт аз ҳамоиш

Январь 24, 2025 16:52

ДУШАНБЕ, 24.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони милитсия барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пос доштани сулҳу субот нақши назаррас доранд. Онҳо тарбиятгари насли ҷавони милитсия буда, барои вусъат додани донишу малака ва дигар истеъдодҳои кормандони милитсия хизмат менамоянд. Чунин иброз гардид дар ҳамоиши Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори мустаъфии милитсия Саид Ҷурахонзода нақш ва мақоми шуроҳои собиқадоронро дар соли 2024 қаноатманд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки тамоми имкониятро бояд ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти шуроҳои собиқадорон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат равона созем.

Таҷрибаи бойи собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, иҷрои вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани руҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан ва савганди хизматӣ хеле назаррас мебошад.

«Имрӯз Созмони собиқадорон ҷузъи муҳими вазорат ба шумор рафта, ҳар собиқадори ин ниҳод насли ояндаи милитсияро ба хониши аъло, ҷасурӣ, содиқ будан ба халқу Ватан ва пос доштани савганди хизматӣ ҳидоят менамояд. Собиқадорон инчунин барои мустаҳкам намудани тартибот, интизом ва риояи қонунҳо дар байни ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии мутахассисони ҷавон талош меварзанд»,- гуфта шуд дар ҷаласа.

Кормандони мақомот, хусусан ҷавонон имрӯз имконият доранд, ки ҳарчи бештар аз таҷрибаи собиқадорон баҳравар гарданд. Ҳамкорӣ ва робитаи наздик бо собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки дар минтақаҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ба кори нозирони минтақавӣ низ метавонад таъсири мусбат расонад. Яъне, нозирони минтақавӣ, аз ҷумла кормандони ҷавони милитсия барои самаранок гардидани фаъолияти кориашон аз таҷрибаи солҳо андӯхтаи кормандони куҳансол, хусусан собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бояд истифода баранд.

Дар даҳсолаи охир барои фаъолияти кории собиқадорони ин соҳа шароити мусоид фароҳам оварда шуда, фаъолият ва низоми шуроҳои собиқадорон, масъалаи ҳифзи иҷтимоии онҳо, нафақахӯрон, ва маъюбон зери ғамхории Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 24, 2025 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд