СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Хадамоти алоқа дар доираи ин солҳо иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?

Январь 29, 2025 18:24

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти алоқа дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 иҷрои кадом корҳоро ба нақша гирифтааст?

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ чунин ҷавоб дод: «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 тақозои замон аст. Ҳамаи мо дарк мекунем, ки бе рушди соҳаи алоқа, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ таъмини фаъолияти ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ғайриимкон аст. Вобаста ба он  дар хадамот нақшаи корӣ таҳия гардида, баҳри амалигардонии он  тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Мо барои татбиқи самараноки нақшаи  кори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ин солҳо  аз тамоми имкониятҳо истифода мебарем»,-иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.

Ҳамчунин сардори хадамот гуфт, ки «дар назди хадамот вобаста ба гузариш ба ҳукумати электронӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд, ки дар доираи ин панҷсола анҷом дода мешаванд.  Дар заминаи гузариш ба ҳукумати электронӣ дар сомонаи хадамот  портали электронии қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон ташкил карда мешавад».

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Дар ин раванд яке аз ҳадафҳои асосӣ амалӣ намудани шаклҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории онлайнӣ ва хизматрасонии интернетӣ мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 29, 2025 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд