ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 январ, душанбе, 13-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 13, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1703 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Ведомости» нашр шуд.

***

13 январи соли 1993 дар Париж Конвенсия дар бораи манъ намудани коркард, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи яроқи химиявӣ ва нобуд сохтани он қабул шуд.

***

13 январи соли 2000 бойтарин шахси ҷаҳон Билл Гейтс аз роҳбарии ширкати «Майкрософт» рафта, ин вазифаро ба зиммаи Стив Болмер гузошт.

***

15 сол пеш, 13 январи соли 2010 дар Ню-Йорк ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

***

13 январи соли 2014 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии молиявӣ ва иқтисодӣ» — ро баррасӣ намуд.

***

9 сол пеш, 13 январи соли 2016 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар Маҷмаи Умумии  Созмони Милали Муттаҳид ҳафт давлат аз ҳуқуқи овоздиҳӣ  маҳрум шуданд, чунки  ҳаҷми қарзи онҳо давоми ду соли охир аз пардохт афзунтар шудааст. Ин давлатҳо Венесуэла, Гамбия, Яман, Лесото, Лубнон, Тонга ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ мебошанд.

***

13 январи соли 2022 Муҳаммади Шарифзода дар номинатсияи «Санъати сирк»-и жанри эквилибристикаи Бозиҳои 15-уми делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷои якум гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз доруҳои хатарноки ҳиндӣ, ки боиси марги кӯдакон дар Узбекистон шудаанд, ҳушдор дод. Созмон собит месозад, ки онҳо ба стандартҳои сифат ё мушаххасот мувофиқат намекунанд. Зеро то имрӯз истеҳсолкунанда ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ кафолати бехатарӣ ва сифати ин маҳсулотро надодааст.

13 ЯНВАР:

Дар Ҳиндустон-  фестивали Лори.

***

Рӯзи матбуоти Русия.

***

Дар Литва — Рӯзи ҳимоятгарони озодӣ.

Январь 13, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш