ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 январ, шанбе, 18-умин рӯзи соли 2025 аст
Дар ин рӯзи соли 1925 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Новый мир» («Ҷаҳони нав») нашр шуд.
***
18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ ба конгресс пешниҳод намуданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатар ба саломатӣ нависанд.
***
18 январи соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.
***
Соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
***
18 январи соли 1999 Радиои «Садои Душанбе» ба фаъолият оғоз намуд.
***
18 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро баррасӣ намуданд.
***
8 сол пеш, 18 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ муҳокима шуданд.
***
Соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Америка оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ намуда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.
18 ЯНВАР:
Рӯзи таъсиси шаҳри Лима да Перу.