ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 январ, чоршанбе, 22-юмин рӯзи соли 2025 аст
22 январи соли 2010 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
22 январи соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор шуд.
***
Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ ба поси хотири бародарон Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.
***
11 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR») – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.
***
Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳокима шуд.
***
11 сол пеш, 22 январи соли 2014 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания таҳти сарварии аъзои Кумита оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед масоили дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро тасдиқ намуданд.
***
22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 329 ҳазору 800 номгӯй китобҳои электронӣ мавҷуд мебошанд.
22 ЯНВАР:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
***
Дар Лаҳистон – Рӯзи бобо.