ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 январ, панҷшанбе, 23-юмин рӯзи соли 2025 аст
23 январи соли 2008 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.
***
14 сол пеш, 23 январи соли 2011 дар шаҳри Исломобод масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
23 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 муайян намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар майдончаи сунъии назди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ даври финалии лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд!» оғоз гардида, 29 январ ба анҷом расид.
***
7 сол пеш, 23 январи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Фестивали санъати кӯдаконаи «Ҳафтранг» доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи ин иқдом тасдиқ намуданд.
***
23 январи соли 2021 Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон намуд.
***
23 январи соли 2023 маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 87-уми «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар маркази намоишгоҳҳои Берлин «Messe Berlin» муаррифӣ карда шуд. Намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳамкории баъдӣ бо шарикон ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба гӯшаи худро дар он ташкил кард.
23 ЯНВАР
Дар ҷаҳон — Рӯзи дастхат (ва ё Рӯзи мактуби дастнавис).