Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки 2200 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоишҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тамошои экспозитсия ва намоишҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ 17 феврал шуруъ шуда, то 23 феврал идома меёбад.
Дар доираи ин ташаббус гурӯҳи сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба тамошои Осорхонаи миллӣ омад.
Барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан аз ҷониби роҳбаладони осорхона сайри осорхонавӣ баргузор шуд. Сарбозону афсарон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат аз наздик шинос шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






