Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» -и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар хусуси ҳамкорӣ дар самти ташхис ва табобати бемориҳои саратон ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Дар маросими баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ муовини якуми директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Матин Ахмедов ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» Акбар Муродзода иштирок намуданд.
Дар асоси ин Созишнома тарафҳо минбаъд уҳдадор мешаванд, ки робитаҳои ҳамкориро вусбат бахшида, баҳри самарабахш амалӣ намудани фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, ташхиси беморон ва дигар самтҳои марбут ба ин соҳаро густариш диҳанд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» бояд намунаҳои маводи биологиро ба озмоишгоҳи Агентӣ барои ташхис ва таҳқиқот бо истифода аз усулҳои таҳлили иммуносорбенти ферментӣ (ELISA) ва омӯзиши молекулавии генетикии намунаҳои маводи биологӣ (санҷиши ДНК барои мутатсия дар генҳои BRCA 1 ва BRCA2) интихоб ва таҳвил намояд.
Ин ташхисҳо имкон медиҳанд, ки моилияти генетикӣ ба саратони сина, муайянкунии бемории саратон дар марҳилаҳои аввал ва пешгирии рушди он муайян карда шавад.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки имзои Созишнома, ки муҳлати эътибори он 5 солро дар бар мегирад, ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии табибон дар соҳаи саратоншиносӣ ва рушди соҳа мусоидат менамояд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳом Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






