ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ

Февраль 1, 2025 11:08

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо заҳмату кӯшишҳои бевосита ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллиамон аз нав эҳё ва ҷаҳонӣ мешаванд, ки ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯзи миллиамон мисоли он аст. Вақти он расидааст, ки ҷашни Сада низ байналмилалӣ шавад, зеро аҳамияти байналмилалӣ касб намудани ҷашни куҳани Сада ва дар ҳамбастагӣ бо мардуми олам таҷлил намудани он, махсусан, дар замони муосир, ки тамаддуни инсонӣ ниёз ба ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва ҳамзиштии осоишта дорад, хеле муҳим аст. Чунин пешниҳод намудааст Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мақолааш бахшида ба ҷашни Сада, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст. Академик Фарҳод Раҳимӣ дар идомаи мақола чунин изҳори назар кардааст:

— Сада яке аз ҷашнҳои қадимии ориёиҳо ва мардуми тоҷик аст, ки дар оғози шомгоҳи 10-уми баҳманмоҳ, яъне рӯзи 30 январ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Ба таври ҳамагонӣ ва бо шукуҳу ҷалоли тоза таҷлил намудани ҷашни Сада ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд ва дар он нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста аст.

Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо кунанд ва онҳоро ситоиш намоянд. Агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт. Дар баробари ин, ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд.

Фалсафаи ҷашни Сада ин, пеш аз ҳама, ба принсипҳои инсондӯстию зиндагисозӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ асос меёбад. Зиндагии заминӣ ва кайҳонии инсон-ягона ҳақиқат ва воқеият мебошад. Консепсияи мушкилиҳои экологии ҳаёти инсонро Сада дар арзишҳо ва рамзҳои устуравӣ ва фарҳангие муҳим мегардонад, ки мазмуни онҳоро адолати иҷтимоӣ низ ташкил медиҳад. Дар натиҷа ин гуна арзишҳо ва рамзҳои умумимиллӣ, ки хусусияти инсондӯстӣ ва зиндагипарварона доранд, тадриҷан ба заминаи маънавии муттаҳид кардани мардумони мухталифи мамлакат, минтақа ва ҷаҳон табдил меёбанд.

Сада дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ (30-юми январ) бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд оғоз мешавад. Дар ишороти таърихӣ ин ҷашн ҳамеша ба шакли дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпо намудани як оташе бузург баргузор менамуданд.

Кашфи оташ тавассути ниёгони мо як воқеаи тасодуфӣ набуд. Он ҷараёни дуру дарози ҷустуҷӯро ба дунбол дошт ва як ҳодисаи муҳими иҷтимоӣ дар асри навсангӣ ба шумор мерафт. Ҷашни Сада ва маросими оташсӯзии он мазҳари оташи фалаки нуронӣ ва аҳуроӣ буд, ки ин масоил дар «Таърихи Байҳақӣ», «Таҷориб-ул-умам», «Таърих»-и Ибни Асир ва дигар сарчашмаҳои таърихию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешниҳод шудаанд. Дар онҳо ҳамчунин маросими баргузории ҷашни Сада, оростани хони иди Сада, садо додани рақсу мусиқӣ дар ҷашн, иҷрои оҳангҳои Борбаду Накисо, овозхонӣ ва бадеҳагӯйӣ то бомдоди рӯзи дигар тасвир гардидаанд.

Тибқи иттилои маъхазҳо, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадя медоданд.

Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст.

Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дод, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукуҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндарӯд низ баргузор шудааст, ки Ибни Асир оид ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд:

Сада омад, ки тарабро сару солор бувад,
Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад.
Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст,
Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад…

Анна Красноволская дар «Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ» ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид.

Шарқшинос Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар мамлакатҳои Аврупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст.

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Ҳамин тавр, Сада ҷашни зода шудани Хуршед ва Наврӯз, ҷашни ба балоғат расидани он мебошад. Мардум дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорикат мекунанд ва ба ин тартиб, ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ин ҷашн маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар байни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «Масленница» роиҷ аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2025 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад
САДА-САРОҒОЗИ СУННАТҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Он қадимтарин ҷашни башарият аст
Чаро дар Тоҷикистон баргузории маъракаю маросим кам, вале ҳуқуқвайронкунӣ зиёд шудааст?
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид