БА ТАВАҶҶУҲИ ШИРКАТҲОИ НАҚЛИЁТӢ. Дар Русия ва Беларус низоми муҳру муми навигатсионӣ ҳангоми ҳамлу нақли автомобилӣ амалӣ шуд

Февраль 20, 2025 14:52

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои нақлиётие, ки ба боркашонии байналмилалӣ машғуланд, расонида мешавад, ки шуруъ аз охири моҳи январи соли 2025 дар Русия ва Беларус низоми муҳру муми (пломбаҳои) навигатсионӣ ҳангоми ҳамлу нақли категорияҳои муайяни борҳо амалӣ карда шуд, иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо истинод ба Вазорати нақлиёти Русия.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, низоми нав барои кам кардани хатари қочоқ ва таҷдиди назорати ҳаракати молҳои хатарнок ва сермолиёт амалӣ гардида, ба мубориза бо воридот ва гардиши ғайриқонунии чунин бастабандии молҳо, ба мисли спирт, тамоку, инчунин молҳои саноати сабук ва истеъмоли халқ равона шудааст.

Акнун қабл аз ҳамлу нақли бор, интиқолдиҳанда бояд дар шабакаи иттилоотии оператори миллӣ сабти ном шавад ва ҳаққи хизматрасониҳоро тавассути ҳисоби шахсӣ бо баёни маълумот дар бораи моли интиқолшаванда пардохт намояд. Ҳангоми ворид шудан ба гузаргоҳи гумрукӣ, ӯ бояд пломбаи навигатсиониро фаъол созад, ки дар тамоми масир то нуқтаи таъйинот истифода мешавад.

Ҳамзамон интизор меравад, ки низоми нав ба муҳлати ҳамлу нақли бор таъсир намерасонад ва сарфи маблағи интиқолдиҳандагонро зиёд намекунад. Зеро тавре дар хабар омадааст, «хароҷоти истифодаи пломбаҳо дар муқоиса бо арзиши умумии молҳои интиқолёфта ҳадди ақалл хоҳад буд».

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2025 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид