Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид

Февраль 19, 2025 10:41

ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки воқеан ҳам Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар давраи ниҳоят ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати начандон дароз аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неруи тавоно ва муҷаҳҳаз амнияти давлат ва осоиши онро таъмин менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта буданд: «Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбию сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки давлатро ҷангу хунрезӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем».

Аз саҳифаҳои таърих аён аст, ки 32 сол пеш маҳз бо талош ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят душвор ва тақдирсоз таъсис дода шуд.

Воқеан ҳам ҳимояи марзу буми мамлакат бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад. Хушбахтона, фарзандони меҳандӯсти давлат ва сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъулият ва вазифаро сарбаландона иҷро менамоянд. Ин нишонаи неруи бузург, тарбияи касбию маҳорати баланди афсарон ва аскарони Артиши миллӣ мебошад.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба афсарону сарбозони шуҷои Ватан китоб тақдим гардид.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 19, 2025 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид