«БЕҲТАРИН РАСМИ МОДАР ВА ДУХТАР БО ЛИБОСИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон озмун баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тамаддунофари тоҷик, суннатҳои ниёгон ва расму оинҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанг, таҷассумгари таърих, тамаддун ва ҳунари миллӣ, рамзи ҳувият ва оини миллӣ будани он, ҳамчунин бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар Шурои занони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон озмуни «Беҳтарин расми модар ва духтар бо либоси миллӣ»-ро эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи озмун нишон додани намуна будани модар ба духтар мебошад, зеро модар сарчашмаи ҳунару ахлоқ ва маърифату либоспӯшӣ барои духтар дониста шуда, духтар ҳама кирдорро дар пайравӣ ба модар анҷом медиҳад.
Дар озмун тамоми сокинон ва занону духтарон аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат метавонанд иштирок намоянд.
Озмун аз шартҳои зерин иборат мебошад: пешниҳоди танҳо расми модар бо духтари худ бо либоси миллӣ, нигориш ва ороиши миллӣ, расм бояд инъикосгари фарҳанг, анъана ва таъриху ҳунарҳои миллӣ бошад, синну соли иштирокчиён, яъне модару духтар маҳдудият надорад.
Ғолибон аз ҷониби комиссияи озмун муайян шуда, дар арафаи Рӯзи Модар бо Диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ мегарданд.
Барои ҷои аввал 10 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва ҷои сеюм — 3000 сомонӣ муайян шудааст.
Ҳамчунин ғолибони 10 расми беҳтарин бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Хоҳишмандон метавонанд расмҳои гирифтаи худро ба тариқи сомонаи фейсбукии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон равон намоянд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон








ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид






