Бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба пешгирии омилҳои номатлуб вохӯрӣ доир шуд

Февраль 3, 2025 10:56

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал бо кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 иброз дошт, ки бо мақсади нигоҳдошти солимии хонаводаҳо ва ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таъмини суботи комили сиёсӣ дар вилояти Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат пурзӯр карда мешавад.

Вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон гуфта шуд, ки дар ин самт бояд тадбирҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ дар байни ноболиғону ҷавонон тақвият бахшида шаванд.

Вазири корҳои дохилӣ дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон барои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ, аз ҷумла байни ҷавонону ноболиғон, пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз кормандони ин соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ омода бошанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ як зумра кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар пешгирии ҳуқуқвайронкунию ҷинояткорӣ ва ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии садаманокию ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо нишону медалҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Февраль 3, 2025 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид