Дар Давҳа Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар кори он намояндагони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, намояндагони 27 давлати дунё дар ифтитоҳи 10-умин Ассамблеяи генералӣ, интихоби президенти Шабакаи глобалии дипломатияи мардумӣ барои солҳои 2025-2028 ва ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Дипломатияи мардумӣ: омилҳо ва таҳдидҳои нав» иштирок намуданд.
Муовини Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Дониёр Сангинзода ва ходими калони илмии институт Мамурҷон Мирвайсов дар ҳамоиши илмӣ маъруза намуданд.
Дар ҳошияи ин чорабинӣ Дониёр Сангинзода бо намояндагони давлатҳои аъзои GPDnet — Қатар, Молдова, Лаҳистон, Украина, Африқои Ҷанубӣ, Гурҷистон, Малайзия, Булғористон ва Венгрия барои тақвияти ҳамкории мутақобил ва густариши он суҳбатҳои судманд анҷом дод.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






