Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон таҳсил дар шакли дуалӣ мегузарад
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Донишгоҳи Бохайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавриди таҳсил дар шакли дуалӣ созишнома ба имзо расонид. Дар ин хусус 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода хабар дод.
«Таҳсилоти дуалӣ ду навъ мешавад, яке амалия бо назария дар фаъолият қарор мегирад, дигаре ду муассиса ба мувофиқа омада, донишҷӯ ду сол дар муассисаи як давлат таҳсил мекунад, ду соли дигар дар муассисаи давлати дигар. Донишҷӯёне, ки бо ин шакл таҳсил менамоянд, якбора соҳиби дипломи ду муассиса мегарданд»,-гуфт Жило Гулназарзода.
Дар соли таҳсили 2025-2026 ин шакли таълим дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи созишномаҳо 55 донишҷӯи донишгоҳ соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
36 донишҷӯ ба Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи С.Амонжолови Ҷумҳурии Қазоқистон, 10 донишҷӯ ба Донишгоҳи давлатии Брести Ҷумҳурии Беларус, 3 донишҷӯ ба Донишгоҳи давлатии Мински Ҷумҳурии Беларус, 1 донишҷӯ ба Донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин, 2 донишҷӯ ба Донишгоҳи Лиовнин ва 3 донишҷӯ ба Донишгоҳи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб гардид.
Ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода илова кард, ки дар айни замон донишгоҳ бо 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 16 вазорату идора ва муассисаҳо ҳамкорӣ менамояд. Дар ин замина таҷрибаомӯзони донишгоҳ дар ин муассисаҳо донишҳои андӯхтаашонро таҷриба менамоянд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад






