Дар Хоруғ 97 фоизи субъектҳо ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд

Февраль 9, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Хоруғ 97 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳанда аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва 57 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуданд. Дар ин хусус 7 феврал дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ дода шуд.

«Соли 2024 шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо ба 560 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 189 адад ё 51 фоиз зиёд мебошад», — гуфта шуд дар нишаст.

Ҳамчунин 79 ҳазору 956 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуд. 20 ҳазор сокинони шаҳр дорандаи корти бонкӣ мебошанд, ки 100 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда 40 фоиз аз меъёри муқарраршуда зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ аз 1 августи соли 2023 ба тариқи ғайринақдӣ муайян шудааст.

Яке аз афзалияти пардохти ғайринақдӣ — ин осонии истифодаи кортҳои хизматрасонӣ мебошад. Зарурати бо худ ҳамроҳ гирифта гаштани маблағи калони пул аз байн рафта, ҳамзамон ҳамеша имкони пардохтани нархи моли харидашуда дар дохил ва хориҷи мамлакат аст.

Ҳукумати электронӣ низоме аст, ки барои ташкили муоширати самараноки ҷамъиятӣ ҳамаи муассисаву мақомоти расмию ғайрирасмиро муттаҳид намуда, барои онҳо шароит фароҳам меоварад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши санадҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд. Ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизмати иттилоотӣ пешниҳод шуда, арзу шикоятҳои онҳо баррасӣ карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Февраль 9, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд