Дар Конибодом бо усули «Мактаб ба мактаб» бо хонандагону волидайн вохӯриҳо баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор бо усули «Мактаб ба мактаб» бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон вохӯрию суҳбатҳо мегузаронад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар медиҳад, чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 ва 54 бо иштироки муовини раиси шаҳр бо ҷамъи васеи падару модарону хонандагон доир гардиданд.
Дар вохӯриҳо муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фаҳмонида шуданд.
Инчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб байни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҷалби падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсил ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз муҳокима гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






