Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд

Февраль 11, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон барои шарҳу тавзеҳ додани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таблиғот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмуд Амирзода вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан гуфт.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин рӯзҳои нек ва рушди мамлакати азизамон талошҳои зиёде анҷом дода, ба хотири сарҷамъии миллат, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тадрис барои насли имрӯзу оянда ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум тамоми тадбирҳои муҳимро амалӣ менамоянд».

Маликшо Неъматзода афзуд, ки ба наздикӣ дар саросари мамлакат чорабинии муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ-2025 баргузор мегардад. Мо, аъзои ҳизбро зарур аст, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, онро бо сари баланд ҷамъбаст намоем.

Дар ҳамоиш ба як зумра фаъолон Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва медали ҷашнии 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш дар боғи марказии ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ таҳти унвони «Сарсабзии Ватан-мароми мост» ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуданд. Гуфта шуд, ки ҳамасола шуруъ аз аввали моҳи январ дар ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ оғоз гардида, мардуми сарбаланди тоҷик барои ба мамлакати сабз табдил додани ватани хеш бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ дар ин амал саҳм мегузоранд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Февраль 11, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон аст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Инноватсия ва зеҳни сунъӣ – пояи нави идоракунии давлатии муосир
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ-АБЗОРИ МУҲИМИ ТАҚВИЯТИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Чанд мулоҳиза дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон тақвиятбахши худогоҳии миллӣ дар пояи созандагию бунёдкорӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон: омили таҳкими давлатдорӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ
Дар ноҳияи Дӯстӣ доир ба омӯзиши Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ: заминаҳои таърихӣ, моҳият ва зарурати он барои имрӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ба брендикунонии ҷашни миллӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат намояд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – таҷассумгари ойини давлатдорӣ ва мардумсолорӣ
Паёми Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад
ТАВАҶҶУҲИ ХОССА БА СОҲАИ МАОРИФ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар мавриди самтҳои асосии ин соҳаи муҳим