Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати расмии стратегияи рушди иқтисодӣ дар идоракунии давлатӣ нақши хос дорад
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Омӯзиши афзалияти таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар чорчӯбаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мубрамтарин равандҳои илмии мамлакат мебошад. Ин аҳамияти илмӣ аз чанд ҷиҳат асоснок мегардад.
– Аввалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои иқтисодиёти кушодаи рӯ ба инкишоф бо баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти миллӣ талош меварзад. Таҷрибаи ду даҳсолаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ нишон медиҳад, ки дар шароити давлатии иқтисодиёти озод инъикоси навъи миллии инкишофи низоми иқтисодиёт муҳим арзёбӣ мегардад. Дуюм, паёмҳои солонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун барномаи сиёсиву иқтисодии давлат арзиши муҳими таҳлилнамоии илмӣ ва академии баланд доранд. Он аз зиёда аз 30 паём, аз оғози давраи истиқлолият то имрӯз иборат буда, ин ҳуҷҷатҳо дар баробари таҳлили вазъи иқтисодиёти миллӣ масири рушди бахшҳои гуногун ва таъмини некӯаҳволии аҳолиро муайян мекунанд. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барнома, роҳнамо ва замонати амалӣ гардидани стратегияи давлат мебошанд. Сеюм, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ таҳлили мукаммали паёмҳои Президенти Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҳаввули стратегиро аз марҳилаи «наҷот ва барқарорӣ» ба марҳилаи «рушди пайдарпай ва аз он ба марҳилаи рушди устувор ва «саноатикунонии босуръат» (2015–2025) пайгирӣ намоем. Ин тавсифи марҳалаҳо барои дарки чигунагии ташаккули сиёсати иқтисодии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми илмӣ доранд.
Қисмати асосӣ. Мафҳуми «сиёсати иқтисодӣ» дар адабиёти илмии ҷаҳонӣ аз мавқеъҳои мухталиф таҳлил шудааст. Ҷ.М. Кейнс дар асари бунёдии худ «Назарияи умумии шуғл, дарсад ва пул» (1936) назарияи иқтисодиёти бозаргониро ҷонибдорӣ накарда, танзими давлатиро ҳамчун зарурати ҳатмӣ асоснок кард. Чунин тарзи муносибат ба хотири танзими самаранок ва ташхиси стратегии роҳи рушди иқтисоди давлат ба ҳисоб меравад.
Таҳкими сиёсати иқтисодӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ санади мустақими барномасозии иқтисодии давлат мебошанд. Аз ибтидо то соли равон яке аз нуктаҳои муҳимми афазалиятноки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таваҷҷуҳ ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ ташкил медиҳад. Аммо давоми солҳои 2018–2025 ин ҳуҷҷатҳо тағйироти куллии амалия ва технологияи сиёсати иқтисодиро нишон медиҳанд.
Дар Паёми соли 2018, ки меҳвари як нуқтаи бунёдгароёнаи стратегӣ шинохта мешавад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор ҳадафи стратегиеро, ки давоми 10 соли минбаъда ба сутуни сиёсати иқтисодии мамлакат табдил ёфтанд, мушаххас карда, расман эълон намуданд. Тибқи матни Паём: «мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ ба саноатӣ амалӣ гардонида истодаем».
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри 2019 — «Рушди маҷмуии маҳсулоти дохила (ММД) ва таъсиси барномаи содирот». Паёми соли 2019 натиҷаҳои фаслии аввали барномаи рушди иқтисодӣ ва ҳадафҳои навро муайян кард. Тибқи матни Паём: «дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт». Ҳамзамон ҳаҷми умумии даромади буҷет тақрибан ду баробар, аз 12 миллиард сомонӣ (2013) ба 23 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута барои тайёр кардани Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021–2025 вазифадор карда шуданд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2022 сиёсати иқтисодии мамлакат тавассути иловакунии ҳадафи чоруми стратегӣ- «саноатикунонии босуръат» тавсеа ёфт. Дар ин Паём бори аввал мафҳуми «иқтисодиёти рақамӣ» ба унвони самти асосии нав дохил карда шуд. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».
Паёми соли 2023 дар шароити мураккаби сиёсии ҷаҳони муосир эълон гардид. Бо вуҷуди ин, Президенти Тоҷикистон ба итминон иброз доштанд, ки «соли 2023 барои Тоҷикистон боз як соли бобарор гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 дарсад зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд». Он ҳамчунин муҳимтарин нишондиҳандаи рушди бахши соҳибкориро ошкор сохт. Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.
Дар Паёми соли 2024 Президенти Тоҷикистон ба масъалаи иҷтимоии некӯаҳволӣ диққати махсус зоҳир намуданд. Афзоиши музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таълими умумӣ 30%, дигар соҳаҳои буҷетӣ 20%, ва нафақа 10% аз 1 сентябри 2025 эълон шуд. Ҳадафи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар соли 2027 низ тасдиқ карда шуд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ҳамчун пояи асосии рушди устувори миллӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди кишвар дар шароити тағйирёбии низоми иқтисодии ҷаҳонӣ муайян гардиданд. Таҳлилҳои пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки дар даҳ соли охир иқтисоди миллии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди сохторӣ ва макроиқтисодиро тай намудааст. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 3,4 баробар афзоиш ёфта, суръати миёнаи рушди иқтисодӣ 7,6 дарсадро ташкил намудааст. Барои татбиқи стратегияҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Ҳамзамон ММД ба ҳар сари аҳолӣ аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 то 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расида, сатҳи камбизоатӣ то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо аз самаранокии сиёсати давлатӣ дар самти таъмини суботи макроиқтисодӣ, рушди бозори дохилӣ, тавсеаи имконияти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шаҳодат медиҳанд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид гардидааст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми ММД бояд ду баробар афзоиш ёфта, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 дарсад расонида шавад, ки ин ҳадафҳо ташаккули модели нави рушди иҷтимоӣ ва иқтисоди ба истеҳсолот ва навоварӣ асосёфтаро инъикос менамоянд. Яке аз самтҳои меҳварии сиёсати иқтисодии муосири Тоҷикистон, ки дар Паём ба таври мушаххас таъкид шудааст, рақамикунонии идоракунии давлатӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро ҳамчун омили стратегии баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ ва таҳкими шаффофияти молиявию иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Дар ин замина, ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ дар бахши энергетика ҳамчун намунаи муваффақи рақамикунонии идоракунӣ муаррифӣ гардида, нишон дода шуд, ки баъд аз татбиқи ин низом сатҳи пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ ба 100 дарсад расидааст. Танҳо дар шаҳри Душанбе талафоти неруи барқ дар 11 моҳи соли 2025 то 13 дарсад коҳиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ҳафт дарсад кам гардидааст. Дар сатҳи ҷумҳурӣ талафоти неруи барқ 500 миллион киловат-соат коҳиш ёфта, ба низоми энергетикӣ зиёда аз якуним миллиард сомонӣ маблағ ворид шудааст.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ инчунин зарурати таҳияи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», рушди инфрасохтори интернети баландсуръат, густариши пардохтҳои ғайринақдӣ ва ташкили Корпоратсияи миллии зеҳни сунъӣ таъкид гардидааст. Ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат рақамикунонии иқтисод ва идоракуниро ҳамчун шарти муҳими мутобиқшавӣ ба иқтисоди ҷаҳонии рақамӣ ва ташаккули иқтисоди донишбунёд арзёбӣ менамояд.
Дар ин Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон масъалаҳои саноатикунонии босуръат, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» ҳамчун афзалияти стратегии сиёсати иқтисодии мамлакат муайян карда шудаанд. Дар ҳафт соли охир дар кишвар зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ бо таъсиси беш аз 87 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуда, танҳо соли 2025 фаъолияти 400 корхонаи нави истеҳсолӣ оғоз гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 66 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди соҳа 22 дарсадро ташкил додааст. Дар баробари ин, ба бахши энергетика дар даҳ соли охир зиёда аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ гардида, иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ беш аз 1017 мегават афзоиш ёфтаанд. Истеҳсоли неруи барқ аз 17,2 миллиард киловат-соати соли 2015 то 24,2 миллиард киловат-соат дар соли 2025 расонида шудааст. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид мегардад, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуда, истиқлоли энергетикии кишвар таъмин хоҳад гардид. Ҳамзамон сохтмони неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1500 мегават ва ташкили марказҳои коркарди «маълумоти сабз» (дата-сентрҳо) Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои пешсаф дар самти иқтисоди «сабз» ва энергетикаи тоза дар минтақа табдил дода метавонад.
Бо ҳамин тартиб, таҳлили муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳад, ки сиёсати иқтисодии мамлакат ба ташаккули модели нави рушди миллӣ, ки ба саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ асос ёфтааст, равона гардидааст.
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз соли 2025 муфассалтарин дар самти иқтисодӣ дар 10 соли охир мебошад. Дар ин санад эълон карда шуд, ки «дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар афзоиш ёфт, суръати рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7,6%-ро ташкил кард». ММД ба ҳар нафар аз 6 ҳазор сомонӣ (соли 2015) ба 16,1 ҳазор сомонӣ (соли 2025)-2,7 баробар – афзоиш ёфт. Дар давраи саноатикунонии босуръат (2019–2025) беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо 87 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷиҳати камбизоатӣ: «сатҳи камбизоатӣ ба 19% паст шуд. Даромадҳои пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 ба 165 миллиард сомонии соли 2025 расид, яъне 6 баробар афзоиш ёфт». Истеҳсоли тилло нисбат ба соли 1991 7 баробар, нуқра 6 баробар ва сурб 9 баробар афзоиш ёфт. Соли 2025 ҳаҷми буҷет 50 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2021 65% зиёд аст. Барномаи миёнамуҳлат барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ мекунад, ки ММД 2 баробар, сатҳи камбизоатӣ то 10% коҳиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёна то 50% расад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои муқоисавии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2010–2025 нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ давоми понздаҳ соли охир марҳилаи нави таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва рушди устуворро паси сар намудааст. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 24,7 миллиард сомонӣ дар соли 2010 то беш аз 130 миллиард сомонӣ дар соли 2023 афзоиш ёфта, тибқи дурнамои давлатӣ соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ мерасад. Ин тамоюл аз густариши иқтидори истеҳсолӣ, баланд гардидани фаъолнокии иқтисодӣ ва таҳкими заминаҳои молиявии давлат шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон суръати рушди воқеии ММД дар сатҳи нисбатан устувор нигоҳ дошта шуда, аз 6,5 дарсад дар соли 2010 то 8,4 дарсади пешбинишуда дар соли 2025 боло меравад, ки нишондиҳандаи мусбати мутобиқшавии иқтисоди миллӣ ба таҳдидҳои беруна ва тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина нишондиҳандаи ММД ба ҳар нафар аҳолӣ низ тамоюли афзоиши пайвастаро касб намуда, аз 3 ҳазору 200 сомонӣ дар соли 2010 то 16 ҳазору 100 сомонӣ дар дурнамои соли 2025 мерасад. Ин раванд ба тадриҷ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши имконияти иҷтимоӣ ва болоравии қобилияти харидории шаҳрвандон мусоидат менамояд. Ҳамчунин коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аз 56 дарсад то 19 дарсад яке аз натиҷаҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат арзёбӣ гардида, аз самаранокии барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир шаҳодат медиҳад.
Рушди муҳити соҳибкорӣ низ ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми таҳкими иқтисоди бозорӣ ба назар мерасад. Агар соли 2015 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ тақрибан 40 ҳазорро ташкил дода бошанд, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 350 ҳазор расида, дар соли 2025 ин нишондиҳанда 370 ҳазор зиёд шуд. Ин ҳолат аз беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ, густариши бахши хусусӣ ва болоравии фаъолнокии соҳибкории миллӣ дарак медиҳад. Дар баробари ин, афзоиши ҳаҷми захираҳои асъории давлатӣ аз 0,5 миллиард доллар дар соли 2015 то 5,6 миллиард доллар дар соли 2025 нишон медиҳад, ки низоми молиявии кишвар тадриҷан устувортар гардида, имконияти давлат дар таъмини амнияти иқтисодӣ ва муқовимат ба буҳронҳои эҳтимолии ҷаҳонӣ таҳким ёфта истодаанд.
Хулоса, таҳлили афзалияти таҳкими сиёсати иқтисодии мамлакат дар робита ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки давоми солҳои 2014–2025 иқтисодиёти миллӣ ба тарзи назаррас тағйир ёфтааст. Дастовардҳои асосӣ — коҳиши сатҳи камбизоатӣ аз 56% (2010) то 19% (2025), рушди устувори 8,4%-ии ММД, ба истифода додани 2600+ корхонаи нав, 6-баробар афзоиши даромади аҳолӣ ва 5,6-миллиард-долларии захираҳои арзӣ — ҳамчун тасдиқи самаранокии стратегияи интихобгардида арзёбӣ мешаванд.
Дар баробари ин, таҳқиқ нишон медиҳад, ки барои таҳкими бештари сиёсати иқтисодӣ зарур аст: якум, вобастагии иқтисод аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон тавассути таъсиси ҷойи кории дохилӣ, омӯзиши касбӣ ва афзоиши маҳсулнокӣ коҳиш дода шавад; дуюм, ислоҳоти куллии корхонаҳои давлатии зиёнбахш амалӣ карда шавад; сеюм, рақамигардонии идоракунии давлатӣ, андозситонӣ ва хидматрасонӣ суръат бигирад; чаҳорум, баланд бардоштани ҳиссаи маҳсулоти ниҳоии соҳаи истеҳсолӣ дар содироти умумӣ ба унвони ҳадафи аввалиндараҷаи сиёсати саноатӣ ва тиҷоратии мамлакат эълон карда шавад.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРТОШКА. Ин зироат аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол менамояд
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
«Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030». Барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ бояд кард?
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
Хислатҳои неки роҳбарии Рустами Эмомалӣ -ҳадафмандӣ, таваҷҷуҳ ба таҷрибаҳои беназир, эҳтиром ба одамон ва муоширати сатҳи баланд
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад






