АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд

Май 8, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 ҳуҷҷати дастурӣ, барномаи мукаммали раҳнамои Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳамасола муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисоди мамлакат, бахусус тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида яке аз вазифаҳои асосии Ҳукумати мамлакат муайян карда шудааст.

Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар мегирад. Дар баробари ин, дар тамоми матн ва доираи дастуру супоришҳо масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла молияи давлатӣ, андоз, гумрук, низоми бонкӣ, ҷалби сармоя, навоварӣ, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ мақоми хоса доранд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, масъулони соҳаҳои иқтисод вазифадор гардидаанд, ки иҷрои саривақтӣ, босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушди иқтисоди кишварро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намоянд.

Новобаста аз дурнамо ва пешгӯии баъзе ташкилотҳои молиявии байналмиллалӣ, дар робита ба эҳтимоли коҳиш ёфтани суръати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ дар соли 2025, аз ҷумла мувофиқи дурнамои Бонки ҷаҳонӣ 7 фоиз ва Бонки Осиёии рушд 7,4 фоиз дар назар дошта шуда буд, ки тасдиқи худро наёфтанд.

Фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии берунӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятии ҷаҳон, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла тавассути рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Бо муҳайё гардидани заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасонии ғайринақдӣ», эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи масъалаҳои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», таҳия ва қабул гардидани «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи амали он дар марҳилаи якум (солҳои 2023-2025), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии зиёди соҳавӣ ва дигар заминаҳои устувори ҳуқуқӣ имконият фароҳам овард, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбат арзёбӣ гардида, рушди иқтисодиётро дар сатҳи муътадил таъмин намоянд.

Аз ин ҷост, ки натиҷаи фаъолияти мусбии иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2025, пеш аз ҳама ба сиёсати оқилона ва нарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандӣ дорад. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисод бо нархҳои ҷорӣ 176,9 миллиард сомонӣ, бо афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бо ифодаи воқеӣ 8,4 фоиз, аз ҷумла ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳидорӣ ба маблағи 84,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 9,5 фоиз, саноат ба маблағи 66,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 22,8 фоиз, сохтмон 28,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 23 фоиз ташкил дод, ки суръати рушди иқтисодӣ бо тамоюли мусбии соҳаҳои асосии иқтисодӣ (кишоварзӣ, саноат, сохтмон) асоснок карда мешавад. Гардиши савдои хориҷӣ 10,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра, меъёри тавварум дар сатҳи муътадил қарор дошта 3,5 фоизро ташкил намуд. Ба ташаккули сатҳи таваррум дар ин давра асосан тағйироти нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва молҳои ғайриозуқаворӣ ва афзоиши хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, таъсир расонидаанд ва новобаста аз ин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизи кам мебошад.

Мувофиқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби пуллӣ миллӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 1 доллари амрикоӣ 9,2 сомонӣ, 1 Евро 10,8 сомонӣ ва 1 рубли русӣ 0,1178 сомониро ташкил намуд.

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ дар ин давра 30 миллиард сомониро ташкил намуд. Раванди қарздиҳӣ аз рӯи соҳаҳо чун гузашта, соҳаи кишоварзӣ, саноат ва сохтмон мавқеи калидӣ дошта, аз рӯи минтақаҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон дар сархати аввал қарор дорад.

Нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 60,3миллиард сомонӣ, бо афзоиши 7,0 миллиард сомонӣ ва 113,2 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст. Иҷрои воридоти даромадҳои андозӣ 37,4 миллиард сомонӣ ё 115,6 фоизи нақшаи аниқшуда, бо афзоиши 5,0 миллиард сомонӣ, таъмин карда шудааст, ки ҳиссаи воридоти андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ зиёда аз 64 фоиз мебошад. Воридоти даромадҳои ғайриандозӣ бошад, дар ҳаҷми умумии даромад 10,3 фоиз ё 5,5 миллиард сомонӣ мебошад, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда қариб як маротиба барзиёд таъмин карда шудааст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 миллиард сомонӣ зиёд, дар таркиби сохтори буҷети ҷумҳуриявӣ афзоиши нишондиҳандаи мазкур 74,2 фоиз ва фаъолияти иқтисодии берунӣ (Хадамоти гумрук) 12,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 2,9 миллиард сомонӣ 30,4 фоизро ташкил додааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин муддат 60,1 миллард сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад ва 81,8 фоизи нақшаи аниқшударо ташкил додааст.

Нишондиҳандаҳои қарзи давлатӣ дар сатҳи муътадил қарор дошта, ҳаҷми умумии он 3,5 миллиард доллари амрикоӣ ва 19,2 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил намудааст. Маблағгузории хизматрасонии қарзи давлатӣ аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба маблағи зиёда аз 504,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 416,3 миллион доллари амрикоӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 88,3 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати пардохти фоизи қарзи асосӣ таъмин карда шудааст. Нишондиҳандаи дигари мусбӣ ва хушҳолкунанда ин аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ ба маблағи 100 миллион доллари амрикоӣ коҳиш ёфтааст.

Бо зиёда аз 100 фоиз таъмин гардидани иҷрои буҷети давлатӣ ва ғанӣ гардидани қисми даромади он имконият фароҳам омад, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, ҷубронпулӣ, кумакпулиҳо бо мақсади баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ пурра амалӣ карда шавад.

Мувофиқи фармони мазкур, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ, музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла аз рӯйи мансабҳои сартабиб, табиб, кормандони миёна ва кормандони хурди тиббии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, соҳаи фарҳанг, хизмати давлатӣ, дигар муассисаву ташкилот, стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аспирантон, стипендияи давлатӣ барои донишҷӯён, ба андозаи 20 фоиз зиёд ва маблағгузории он ба пуррагӣ таъмин карда шудаанд.

Мувофиқи фармони мазкур, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ маротибаи аввал ба андозаи чор рақамӣ, 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуда, амалӣ гардид. Яъне, маблағгузории музди меҳнати моҳонаи кормандон дар ҳама муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон ба андозаи 1000 сомонӣ таъмин карда шудааст.

Дар баробари ин, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз тавассути индексатсия, нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ зиёд карда шудаанд.

Маблағгузории иҷрои бо сифати масъалаҳои гузошташуда аз фармони мазкур, инчунин уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва амниятии давлатӣ, хизматрасонии қарзҳои асосии давлатӣ, берунӣ, чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, маблағгузории як қисми иншооти ҷашнӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ (буҷетҳои маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дигар фондҳои мақсаднок) ба нақша гирифта шудаанд, пурра таъмин ва амалӣ гардидаанд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллӣ, рақамикунонии пурраи хизматрасонии давлатӣ бо дар назар доштани маҳзани ягона, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар раванди хизматрасонии ва низоми бақайдгирии давлатӣ, таъмин намудани амнияти киберии махзанҳо, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ қадами усутувор гузошта шуд.

Фаъол намудан ва баланд бардоштани суръати хизматрасонии интернетӣ ва тадбиқи раванди саривақтӣ ва бо сифати рақамикунонии иқтисодиёт, як навъ ислоҳот, идоракунии муосири давлатӣ, воситаи пуриқтидори аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, пешгирӣ ва муқовимати шадид бо коррупсия мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки сафарҳои ду моҳи охири соли 2025-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Даҳва, Вашингтон, Тошканд, Токио ва Санкт — Петербург аз нигоҳи ояндабинӣ, рушди иқтисодӣ ва асосан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши ҷаласаи “Осиёи Марказӣ — Амрико” дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқот ва гуфтугӯ анҷом дода шуд.

Дар ин сафар вохӯрии сатҳи баланди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва ИМА баргузор гардида, намояндагони вазорату идораҳои соҳавию соҳибкорони Тоҷикистон ва аз ҷониби ИМА намояндагони Конгресс, Вазорати тиҷорат, инчунин роҳбарони маъруфтарин ва бонуфузтарин ширкатҳои байналмиллалӣ, аз қабили Сити (Citi), Кока-Кола (Coca-Cola), Мета (Meta), Спейс Икс Старлинк (SpaceX/Starlink), Насдак (Nasdaq), Валмонт (Valmont), Эф Эл Смидт (FLSmidth), Донишгоҳи Невада ва дигарон фаъолона иштирок намуданд. Ҷониби амрикоӣ ҷиҳати иштирок ва тақвият ёфтани ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, саноат ва кишоварзӣ ҳавасмандӣ изҳор намуданд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо оид ба ҳамкории дуҷониба, дар доираи зиёда аз 3,2 миллиард доллар барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ созишномаҳои дахлдор ба имзо расид. Инчунин пешниҳод гардид, ки дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ таъсис дода шаванд.

Ҳамзамон байни ширкатҳои амрикоӣ ва доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Амрико як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми дигари ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, сармоягузорӣ, мубодилаи технологияҳо ва дигар бахшҳои иқтисод, аз ҷумла байни мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати амрикоии Nasdaq, Inc. Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шудааст. Ин ҳамкорӣ ба рушди инфрасохтори молиявӣ ва технологии танзимкунандаи Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Дар вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Маркази байналмилалии инноватсия ва маориф дар Осиёи Марказӣ ва Маркази минтақавии зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шаванд. Инчунин барои рушди тиҷорати электронӣ дар минтақа платформаи ягонаи рақамӣ таҳия гардад.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷопон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар шаҳри Токио иштирок намуда, аз ҷумла бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито, Сарвазири кишвари Ҷопон Санаэ Такаичи ва бо дигар шахсони баландпоя мулоқоту гуфтугӯҳҳои судманд анҷом доданд.

Дар доираи сафар ба Ҷопон дар маҷмуъ 20 санади нав дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, сиёсати хориҷӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, офатҳои табиӣ, аз ҷумла санадҳои нави ҳамкорӣ Ёддоштҳои тафоҳум байни мақоми ваколатдори давлатӣ ва “Masui Co., Ltd”, байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии “Curtis Creek Co., Ltd., Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази муҳандисии метеорологии Ҷопон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати ҷопонии “Splice-Lab Co., Ltd, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи ҷопонии “Sansei Corporation” ба имзо расонида шудаанд.

Дар шаҳри Токио вохӯрии самимӣ ва сатҳи баланд бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои гуногуни олии кишвари Ҷопон таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Пешвои миллат аз шароити таҳсили донишҷӯён бохабар гардида, ҳамзамон ҷавононро фарзандвор барои бештар ва амиқтар омӯхтани забонҳои хориҷӣ, илму дониш ва малакаҳои беҳтарин дар донишгоҳҳои Ҷопо ҳидоят ва даъват намуданд.

Сарвари давлат зимни мулоқотҳо дар ин сафар, Ҷопонро шарики боэътимоди Тоҷикистон дар таълиму тарбияи кадрҳо тавассути барномаҳои Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва Барномаи бурсияҳои Ҷопон барои захираҳои инсонӣ (JDS) номида, ҷиҳати ҳамкорӣ бо ин барнома дар соҳаҳои тиб, нанотехнология, технологияҳои иттилоотӣ, техникаи авиатсионӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи муҳити зист номиданд. Роҳбари давлат таъсиси Маркази инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистону Ҷопонро дар кишвари мо пешниҳод намуданд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар вазъияти тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои ҳамсояи мо дар соли 2025 барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи таърихӣ дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расонида шуд, бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд.

Яке аз дастовардҳо ва пешравии дигар дар рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии мамлакат- ба кор андохтани истгоҳҳои нави базавии 5G дар як қатор маҳаллаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Ин амал на танҳо дастоварди техникӣ, балки тасдиқи садоқат, ба рушди ояндаи рақамии Тоҷикистон аст. Ин иқдомест, ки симои шаҳрҳоро тағйир медиҳад, рушди иқтисодиро суръат мебахшад ва сифати зиндагии ҳар шаҳрвандонро беҳтар мекунад.

Тадбирҳои андешида имкон додаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028 ба марҳиллаи сифатан нав, ҷавобгӯи талаботи замон, бо нишондиҳандаҳои воқеӣ, бо дар назар доштани нисбатан афзоиш ёфтани қисми даромаду хароҷот ва коҳиш додани касри он ва бо мутавозинии асоснок, таҳия ва пешниҳод карда шавад. Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои соли 2026 дар ҳаҷми 195,4 миллиард сомонӣ, бо афзоиши 29,3 миллиард сомонӣ, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои ин давра, бо назар доштани ҳамаи сарчашмаҳо дар ҳаҷми 65,0 миллиард сомонӣ, бо афзоиш ба маблағи 15,4 миллиард сомонӣ ё 31,2 дарсад, нисбат ба соли гузашта ва 29,9 фоиз нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ карда шаванд.

Ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба маблағи 66,9 миллиард сомонӣ, бо афзоиш ба маблағи 15,4 миллиард сомонӣ ё 29,9 дарсад нисбат ба соли гузашта ва 31,1 фоиз нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ карда шудааст.

Амалӣ гардидани талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 “Дар бораи тасдиқи стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” оид ба нишондиҳандаҳои калидии натиҷанокӣ, ба истиснои масъалаҳои алоҳида риоя гардид. Касри буҷети давлатӣ бо дар назар доштани арзёбии мусбии молиявӣ ва ҷараёни муътадили вазъи буҷети давлатӣ ба маблағи 1950 миллион сомонӣ ё 1,0 фоиз, аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин давра буҷети давлатӣ касб намудани хусусияти рушду тараққиёт ва иҷтимоиро идома намуда, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 29,5 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 8,7 миллиард сомонӣ ё 41,8 фоиз зиёд мебошад.

Муътадил арзёбии гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, интизоми молиявӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон маротибаи аввал аз ҷониби бонуфузтарин ниҳоди молиявии байналмиллалӣ, Хазинаи байналмиллалии асъор эътироф гардида, иброз доштаанд, ки “иқтисодиёти Тоҷикистон натиҷаҳои хуб нишон дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 8,2 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи таваррум дар давоми се семоҳа дар сатҳи паст 2,8 фоиз қарор дорад”.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хизматрасонии ғайринақдӣ», Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти молия, андоз, низоми бонкӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъол мебошанд ва дар қатори пешсафон қарор доранд.

Дар баробари ин, новобаста аз дастовардҳои назаррас, моро зарур аст, ки дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» фаъолиятро дар самти гуногуншаклии содирот, гуногоншаклии қарзҳои бисёрҷонибаи давлатӣ боз ҳам ҷоннок намуда, инчунин баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ бо роҳи пурзӯр намудани назорати қатъӣ, такмил додани қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани ҷарима ва муҷозоти сангини маъмурӣ ва агар зарур шавад муҷозоти ҷиноятиро ба роҳ монда, амалӣ намоем.

Инҷо ёдоварӣ аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид аст, ки зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз намудаанд; “мехоҳам бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоям, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилгардидаи мо, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошанд”

Бояд гуфт, ки рушду дастовардҳои кишвару давлат, пеш аз ҳама, дар навбати аввал ба сиёсати оқилона ва нарми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич ва ногусастанӣ дорад.

Дар маҷмуъ, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоии кишвар зимни баргузории ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусбӣ арзёбӣ карда шудааст.

Таҳлил нишон дод, ки дастуру ҳидоятҳо ва супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, хусусан дар соҳаҳои иқтисод бармеоянд, саривақт ва босифат ва дар сатҳи баланд иҷро шудаанд.

Аъламхон НАИМӢ,
корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 8, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланди оби Душанбе иштирок менамояд
Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Амрико мунтазам афзоиш меёбад
Пули ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин пулҳои ҷаҳон дохил шуд
«Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкории молиявии дуҷонибаро густариш медиҳад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
11 май Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ расман ифтитоҳ мегардад
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Словения густариш меёбанд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?