Дар Ню-Йорк нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал таҳти ҳамраисии Намояндагии доимии Тоҷикистон ва Намояндагии доимии Сингапур дар Созмони Милали Муттаҳид нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 бо иштироки Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об Ретно Марсуди баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат омодагии устувори Тоҷикистонро барои мусоидат дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об иброз намуд.
Дар ин замина Намояндаи доимии Тоҷикистон татбиқи натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023, бахусус истифодаи платформаи Раванди оби Душанберо ҳамчун абзори муҳими пешбурди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об муҳим арзёбӣ карда, ба пайванди амиқи байни конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2026 ва 2028 таъкид намуд.
Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об доир ба раванди рӯзномаи ҷаҳонии об, муовини Раиси ниҳоди СММ-Об дар бораи татбиқи натиҷаҳои Конфронси оби СММ-2023, бахусус Стратегияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва беҳдошт, инчунин муовини Намояндаи доимии Сенегал дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокчиёни нишаст оид ба пайгирии раванди татбиқи Рӯзномаи амали об, ҷузъиёти баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ бо Намояндаи вежаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва татбиқи Стратегияи фарогири Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва беҳдошт табодули афкор намуда, баргузории чорабиниҳои марбутаро дар доираи Гурӯҳ ҷонибдорӣ карданд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст






