Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 42 миллион сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯию таҳқиқотӣ ба анҷом расидаанд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ба маблағи 42 миллиону 615 ҳазору 241 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯию таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, ки ин 114,3 фоизи ҳамин давраи соли 2023-ро ташкил намуд. Дар ин хусус раиси ин кумита Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба андешаи Низом Мирзозода, яке аз самтҳои фаъолияти кумита- ин танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ба шумор меравад. Соли 2024 дар маҷмуъ мувофиқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори кумита 27 номгӯй корҳо мавриди таҳия ва коркард қарор гирифтанд.
Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 35 014 ҷойи нишаст, дармонгоҳ барои 1085 ҷойи қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 2676 ҷой ба истифода дода шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳосилнокии меҳнати як корманд соли 2024 4433,55 сомонӣ ва маоши миёнаи як корманд дар давраи ҳисоботӣ 2288,56 сомониро ташкил дод.
Ҳамзамон ба иттилои раиси кумита, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба густариши раванди рақамикунонӣ дода шуданд, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ аз тариқи электронӣ амалӣ гардид. Дар айни замон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба тариқи электронӣ дар сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон www.kifs.tj ба расмият дароранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






