Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 120 корхона бо 600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд

Февраль 12, 2025 14:19

ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ- ба давлати индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 120 корхонаи саноатӣ бо 616 ҷойи кор ба истифода дода шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра зиёда аз 12 корхонаи навбунёд, ба монанди корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғи «Назар», коргоҳи истеҳсоли консерваи моҳии шаҳри Гулистон, корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи корхонаи «Сирдарё», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии «Нонпаз», корхонаи истеҳсоли равғани растании «ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ», коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва маҳсулоти ҳасибии «Сайҳун», корхонаи бандубасти меваи хушки «Неруи Канд», корхонаи истеҳсоли меваи хушки «Неъматҳои Рӯшон», корхонаи истеҳсоли равғани ангати «Гулчеҳра-80», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Панҷ», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии «Шоҳасар» ва корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои «АРК саноат» ба истифода дода шуданд.

Ин корхонаҳои нави саноатӣ асосан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Гулистон, Норак, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Рӯшон, Ишкошим ва Рӯдакӣ бунёд гардидаанд. Онҳо на танҳо ба рушди саноати хӯрокворӣ, балки таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида мусоидат менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2025 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд