Дар Женева ҷаласаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Женева ҷаласаи солонаи 87-уми Кумитаи нақлиёти дохилии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КНД КИА СММ) баргузор гардид, ки дар он Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим сухан гуфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Азим Иброҳим дар бораи панҷ ҳуҷҷате, ки дар Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла дар заминаи рушди соҳаи нақлиёт қабул шудаанд, сухан намуд. Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди маҷмааи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди системаи логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мебошанд.
Вазир гуфт, ки «имрӯз давлатҳои минтақа барои мусоидат ба ҳамлу нақли устувори минтақавӣ ва байниминтақавии дохилӣ тадбирҳои муштарак меандешанд. Маълум аст, ки муттаҳид сохтани иқтидори нақлиётӣ ва логистикии давлатҳоямон барои ҳамаи халқҳое, ки дар минтақаи Комиссияи иқтисодии Аврупо ва берун аз он зиндагӣ мекунанд, муфид аст».
Татбиқи якчанд лоиҳаи муҳими муштарак дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ин тадбирҳо татбиқи якчанд лоиҳаи муҳими муштаракро бо шарикон дар бар мегирад, аз ҷумла таъсиси низоми ягонаи иттилоотии «Осиё-Пермит» барои мубодилаи электронии варақаҳои иҷозатномаҳо барои интиқоли борҳои байналмилалӣ.
Моҳи июни соли 2023 дар Тошканд ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи ин низом баргузор гардид, ки дар ҷараёни он лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Узбекистон ва мақомоти ваколатдор дар соҳаи нақлиёти Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳия гардид. Инчунин рушди минбаъдаи долони мултимодалии «Аврупо – Туркия Эрон – Туркманистон – Узбекистон – Тоҷикистон – Чин». Бо назардошти аҳамияти лоиҳа байни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки татбиқи он, ба гуфтаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «барои осон кардани интиқоли байналмилалии автомобилӣ дар алоқаи дуҷониба ва бисёрҷониба шароити мусоид фароҳам меорад».
Таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба иштирокчиёни ҷаласа иттилоъ дод, ки 12 июли соли 2023 дар Ню-Йорк дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор ҳамоиши махсус баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси чунин марказ дар пойтахти давлати мо, ки аз ҷониби зиёда аз 40 давлати аъзои Созмон дастгирӣ ёфтааст, мавриди муҳокима қарор гирифт ва соли 2024 Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ расман ифтитоҳ гардид.
Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштааст, ки то соли 2032 100 фоиз энергияи худро аз ҳисоби истифодаи манбаъҳои энергияи «сабз» истеҳсол намуда, то соли 2037 партовҳои газҳои гулхонаиро то ҳадди ақалл кам намояд. Инчунин таъкид гардид, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт.
«Мо хуб дарк мекунем, ки барои расидан ба ин ҳадаф маҳз муносибати систематикӣ ба инфрасохтори устувори нақлиёт бисёр муҳим аст», — изҳор дошт Азим Иброҳим.
Илова бар ин, «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ба фароҳам овардани муҳити зарурӣ барои нақлиёти барқӣ бо инфрасохтор, хизматрасонӣ, таъминоти барқ ва дигар шароити мусоид барои тадриҷан ҷорӣ намудани мошинҳои барқӣ даъват менамояд.
«Мо нақлиёти ҷамъиятиро дар тамоми шаҳрҳои мамлакат пурра барқӣ мекунонем. Дар назди мо вазифа гузошта шудааст, ки то соли 2037 55 фоизи тамоми воситаҳои нақлиёти ҷумҳуриро барқӣ гардонем. Бо ин мақсад барои воридоти мошинҳои барқӣ имтиёзҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо муқаррар карда шудаанд», — изҳор дошт Вазири нақлиёти мамлакат.
Азим Иброҳим ҳамчунин сармоягузорону шарикони манфиатдори рушдро барои иштирок дар татбиқи нақшаҳои эълоншуда, лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии иншооти инфрасохтори нақлиётӣ ва канори роҳ, бахусус дар долонҳои байналмилалии нақлиётии Тоҷикистон даъват намуд.
АКС:Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст






