ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти магнолия шинонида шуд

Февраль 25, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар амал татбиқ намудани Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти нодири магнолия шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ҳамчунин дар доираи ин иқдом рӯзҳои наздик боз 100 бех ниҳоли магнолия аз давлати Италия ворид карда шуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонида мешавад.

Тавре мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, дарахти магнолия ба гурӯҳи дарахтони баланди ороишӣ мансуб буда, аз худ бӯйи муаттари лимӯ хориҷ менамояд.

Магнолия зиёда аз 70 намуд дошта, бо тоҷи васеи пирамида метавонад аз 8 то 20 метр қад кашад. Вобаста аз гуногунӣ гулҳои ин дарахт метавонанд сафед, гулобӣ, арғувон, сурх шаванд. Дарахти магнолия ба фасли зимистон тобовар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 25, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд