ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ 840 бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо риояи қоидаҳои агротехникӣ беш аз 840 бех дарахтони ҳамешасабз шинониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Ин иқдом ба тақвияти корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии мавзеъҳои пойтахт мусоидат менамояд. Ҳашарҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ аз ҷониби Академияи идоракунии давлатӣ идома дошта, тибқи нақша дар маҷмуъ 1500 бех дарахтони ороишии ҳамешасабз дар талу теппаҳои ҳудуди пойтахт шинонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд






