ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолшинонӣ вусъат меёбад
ХУҶАНД, 16.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамнамоии кӯчаю хиёбонҳо дар гулгашти назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва кормандон иштирок намуда, ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо ва майдону галгаштҳоро тадбири муҳим барои беҳтар кардани муҳити зист донистанд.
Амалисозии чунин тадбирҳо на танҳо ба ҳусни шаҳр зебоии нав зам мекунад, балки барои беҳтар гардидани сифати ҳаво низ муфид мебошад. Хусусан дар фасли тобистон ҷойҳои сарсабз ва кӯчаю хиёбонҳои сердарахт барои истироҳату фароғати сокинон хеле зарур мебошанд.
Ба масъулин барои идома додани корҳои ниҳолшинонӣ, нигоҳубини дарахтон ва сарсабз нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо ва минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳри Хуҷанд маслиҳату тавсияҳо дода шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






