Дастаи «Истиқлол» барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 гардид

Февраль 24, 2025 09:49

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе қисми ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 ба анҷом расид. Ғолиби мусобиқа дастаи «Истиқлол»-и Душанбе гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  футболи мамлакат.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Федератсия-2025 дастаи «Истиқлол» бар Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Панҷшер» бар «Сомон» бо ҳисоби калон пирӯз шуд – 3:0.

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Денис Беганович беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд. Ба ҷуз аз ҷом барандаи Ҷоми ФФТ-2025 —  «Истиқлол» бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Дастаи КМВА соҳиби 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ — «Панҷшер» соҳиби 20 ҳазор сомонӣ гардиданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 24, 2025 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд