Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Москва бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд

Февраль 8, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аввалин маротиба 15 нафар ҷавонони боистеъдод аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён иттилоъ дод.

«Муҳлати таҳсил тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чор сол ройгон буда, донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд»,-гуфт директори муассиса.

Ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд додани соҳаи синамои тоҷик тақвият меёбад. Зеро масъалаи тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи синамои миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

«Умед дорем, ки дар оянда мутахассисони соҳибкасб дар рушди синамои миллӣ ва таҳияи филмҳои касбӣ марҳилаи нав боз хоҳанд кард»,-иброз дошт Маҳмадсаид Шоҳиён

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амал менамояд. Ҳадафи барнома аз тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар хориҷи мамлакат, таъмини соҳаи синамо бо техникаю технологияи ҳозиразамони филмофарӣ ва кинонамоишдиҳӣ, истеҳсоли филмҳои баландмазмуни миллӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос, барқарорсозии хазинаи миллии кинои тоҷик, муҷаҳҳаз намудани кинотеатрҳо бо технологияи нави муосир, таҳкими заминаи моддию иқтисодӣ ва ҷалби тамошобинон ба кино иборат мебошад.

Барномаи рушди кино ба тақвияти ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо барои истеҳсоли филмҳои муштарак, пешниҳоди дастовардҳои соҳаи кинои тоҷик дар ҷашнвораҳои байналмилалию минтақавӣ ва муаррифии кинои тоҷик дар арсаи ҷаҳон мусоидат менамояд.

Ҳадафи кинои миллӣ ба ҳайси маъмултарин санъат- тарғиби идеологияи давлат, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг, анъана ва расму оини миллати тоҷик дар давраи ҷоҳонишавӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон барои ҷавонони ҳунарманд тамоми шароит фароҳам оварда шуда, онҳо имкон доранд дар рушди кинои тоҷик саҳм гузоранд.

Коргардони ҷавони тоҷик Файзулло Файз фаъолияташро дар соҳаи синамо соли 2017 оғоз намуда, нахустин филми таҳиянамудаи ӯ «Таърихи синамо» мебошад. Баъдан филми кӯтоҳи «Таксӣ» ва чандин филмҳои дигар ба навор гирифтааст, ки танҳо филми «Таксӣ» дар 10 ҷашнвора иштирок намудааст. Ин филм аз давлатҳои Осиёи Миёна 7 -8 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овардааст.

Филми дигари коргардони ҷавон- «Бачаи обӣ» низ дар чандин синамоҷашнвораҳо иштирок намудааст. Бори охир он дар бахши филмҳои дарозмуддат дар Ҷашнвораи байналмиллалии синамо ва Анҷумани байналмилалии кинематографияҳои миллии «Золотая арка» ба номи Рустам Иброҳимбеков дар шаҳри Москва ҷоизаи «Беҳтарин филм» — ро соҳиб гардид. Ин 17-умин ҷашнвора барои «Бачаи обӣ» буд ва дар он филм соҳиби 8 ҷоизаи байналалмилӣ шуд.

Манзаралӣ Шералӣ низ яке аз ҷавонони боистеъдоди соҳаи синамои тоҷик мебошад. Филми кӯтоҳи «Сарбор»-и ин коргардон дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Қирғизистон- мамлакати филмҳои кӯтоҳ» дар Бишкеки Қирғизистон соҳиби Шоҳҷоиза, дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «JAIYQ Film Fest 2021» дар шаҳри Уралски Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва «Беҳтарин нақши занона», дар Ҷашнвора-озмуни 13-уми байналмилалии «Марворидҳои Роҳи Абрешим» дар шаҳри Тошканди Узбекистон соҳиби Шоҳҷоиза ва «Беҳтарин нақши мардона», дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Хазонрез» («Листопад»)-и шаҳри Мински Беларус соҳиби «Беҳтарин кори коргардонӣ», дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Бастау»-и шаҳри Алматои Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза, дар Ҷашнвора-озмуни байналмилалии «Нахустнамоиши москвагӣ» («Московская премьера»)-и шаҳри Москва соҳиби ҷоизаи «Барои ҷуръат ва тавоноӣ дар мавзуи глобалӣ» гардидааст.

Ҳамчунин филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат»-и ин коргардони ҷавон соли 2024 дар Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» аввалин ҷоизаи миллӣ- «Беҳтарин филми ҳунарӣ»-ро сазовор гардид. Дар Синамоҷашнвораи ХХХ байналмилалии «Листопад» он соҳиби Диплом гардид.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд
ФАЛАК-ИФОДАИ РОЗУ НИЁЗ, ТАЛАБУ ХОСТАҲОИ МАРДУМ. Ин мусиқии суннатӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёфтааст
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия, Эрон ва Қирғизистон баргузор мегарданд
Раиси Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои таърихи халқи тоҷик шинос шуд
Дар Русия Конгресси дуюми Ташкилоти умумиҷаҳонии нависандагон баргузор гардид
«Моҳӣ дар шаст» дар Кинофестивали байналмилалии Исфаҳон соҳиби нахустин ҷоизаи байналмилалӣ гардид
Оид ба саҳми таърихии мардумони Тоҷикистону Русия дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ансамбли давлатии «Фалак»-и Тоҷикистон дар ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг» дар Сеул иштирок намуд
«ЗАБОНИ МИЛЛАТ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе тарҷумаи ҷилди якуми китоби Президенти Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид
Ба 7768 хонаводаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад
Дар ноҳияи Балҷувон тақдими китоби «Шоҳнома» ба 5076 оила идома дорад
Қисми дуюми китоби «Абармарди таърихсоз» аз чоп баромад